КИШВАРҲОИ АРАБӢ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМРО ДАР ҚАТОРИ ДИИШ ВА АЛ-ҚОЙИДА МЕДОНАНД
Панҷшанбе, 11/06/2020 – 06:30 Ҳизби наҳзати исломӣ, гузаштаи хушунатбор ва ҳозираи дурӯғу гумроҳкунӣ (Сомонаи Баладна.нюз. 02.06.2020) Ҷузъиётро дар ссылка (иқтибос)-и зерин ҷустуҷу намоед: www.baldnanews.com\defaultnews\2020-06-02\211907 Амалҳои террористии даҳшатовар, ки солҳои охир аз ҷониби ҳар гуна ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дар миқёси ҷаҳон содир мегарданд, далолат аз он медиҳанд, ки имруз терроризм ва экстремизми хушунатомез ба яке аз хатарҳои аввалиндараҷаи дунёи муосир мубаддал…
РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАСТГИР КАРДА ШУД
Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад Панҷшанбе, 11/06/2020 – 06:11 8 июни соли ҷорӣ Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дастгир карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти КДАМ. Қабл аз ин, 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи…
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҷумъа,05/06/ 2020 12:29 ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида: — барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони…
ПИСТАИ БЕМАҒЗ АГАР…
Ҷумъа, 29/05/2020-10:40 Худованди замину осмон дар каломи покаш сураи “Ҳуҷорот”, ояти 10. “Ҳар оина имон-орандагон бародаранд, пас байни онҳо сулҳу оштӣ биоред, ва аз Худованд битарсед, шояд раҳм оварда шавед”. Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) дар ҳадиси гуҳарборашон мефармояд: “Мусалмони ҳақиқӣ шахсе ҳаст, ки мардум аз забон, ва аз дасти ӯ озор наёбад”. Бузургон ва гузаштагонамон мефармоянд: Дарахти дӯстӣ бишнон, ки…
ҲИФЗИ САРҲАД-ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД
Панҷшанбе, 28/05/2020-07:48 Мафҳуми “Ватан” ва бузургдошти он аз қадим дар анъанаҳои миллиамон мавқеи муҳим дошту дорад. Соҳиби манзилу макон, сарпаноҳ, оила ва фарзандон будан низ ба тарзи хос мафҳуми “Ватан”-ро ифода мекунад. Мардуми Тоҷикистон солҳои вазнинро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу…
БИГЗОР, КИ ҒАМ БИНАМ…
Чоршанбе, 27/05/2020-15:53 Дар марҳилаи такдирсози таърихӣ, ки халқи шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғул мебошанд. Мутаассифона як гурӯҳ иғвогарон ва манфиатҷӯён аз ҷумла зархаридони хориҷӣ мехоҳанд ба раванди созандагиву ободкории халқи шарифи тоҷик монеа эҷод кунанд, халқро ба гумроҳӣ баранд. Дар ин ҷода аъзои ҳизби экстремистиву террористии наҳзати…
ЭЙ РӮДИ ВАХШ
Чоршанбе, 27/05/2020-08:12 Эй рӯди Вахш, ба мавҷҳои пурталотумат нигариста, гузаштаи начандон дуратро пеши назар меорам. Гузаштае, ки дар қалбам нақше боқӣ монд, то ҳол ба он дар марҳаме наёфтаам. …Дар лаби соҳили Вахш зиндагӣ тинҷу осудае насибамон гашта буд. Ман ду додарам ва хоҳарам ҳамроҳи волидайнам хушу хурсандона ба сар мебурдем. Ҳамшираам ҳамагӣ 5 моҳа буду мо тифлакони кӯчаку маъсуму…
Сабаби сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус — расиши ноқилҳои барқӣ
Сешанбе, 26/05 2020-09:16 ДУШАНБЕ, 26.05.2020. /АМИТ Ховар/. Сабаби сар задани сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус дар масоҳати 800 метри мураббаъ тибқи хулосаи пешакӣ, расиши ноқилҳои барқӣ будааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, мавриди тафтиш қарор дорад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон…
Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус
Душанбе, 25/05/2020-14:30 Соати 17:30 дақиқаи рӯзи 24 майи соли равон дар Бозори маркази нохияи Шаҳритус дар масоҳати 800 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад. Тавре ки дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш карда шуд. Дар натиҷаи…
МИЛЛАТКУШУ ТАМАДДУНСӮЗОН. Миллати аз дасти ин гурӯҳи хунхор азияткашидаи тоҷик аниқ медонанд, ки онҳо кистанд ва ҳадафашон чист
Шанбе, 23/05/2020-19:00 ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Мардуми Тоҷикистон қариб чор моҳ тавонистанд аз ин беморӣ эмин зиндагии осоишта ба сар баранд ва охирҳои моҳи апрел нахустин мубталоён бо нишонаҳои ин беморӣ баъди ташхиси дақиқ дар муассисаҳои тибби Тоҷикистон бистарӣ гардиданду табибон пайи табобат шуданд. Ана дар ҳамин шароити вазнину ҳассос тӯдае аз хоинони ҳизби террористии наҳзати исломӣ дар хориҷи кишвар истода,…