ЭЙ РӮДИ ВАХШ

Чоршанбе, 27/05/2020-08:12

Эй рӯди Вахш, ба мавҷҳои пурталотумат нигариста,  гузаштаи начандон дуратро пеши назар меорам. Гузаштае, ки дар қалбам нақше боқӣ монд, то ҳол ба он дар марҳаме наёфтаам.

…Дар лаби соҳили Вахш зиндагӣ тинҷу осудае насибамон гашта буд. Ман ду додарам ва хоҳарам ҳамроҳи волидайнам хушу хурсандона ба сар мебурдем. Ҳамшираам ҳамагӣ 5 моҳа буду мо тифлакони кӯчаку маъсуму нозпарвари падару модар қалбамон пур аз шодию фараҳ дар атрофашон парвонавор чарх мезадем. Вале ин рӯзҳои хуш дер давом накард. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардиду нооромии ба хонадони сокинони Вахшонзамин асари хешро боқӣ гузошт. Заҳри он коми моро низ талх гардонид. Падарам рӯзе ба кор рафта, дигар ба хона барнагашт. Аз деҳаҳои гирду атроф садои тир ба гӯш мерасид. Дар яке аз рӯзҳои мудҳиш тире дайдуе қалби модарам шикофт. Ягона умеду орзуи мо тифлакон-модари азизу меҳрубонамонро аз мо рабуд. Чаҳор ятиму хору зор, бо дили фигор, гоҳе гуруснаву гоҳ ташна рӯзамонро мегузаронидем. Хешу ақрабои падарам аз баргаштанаш умедашонро канда, мо ятимонро рӯйи хуш намедоданд. Ман ҳамагӣ 12-сол доштам. Аз ғурбати хешу ақрабо гурезон шудам. Мустақилона аз пайи рисқу рӯзии додарону хоҳарам мешудам. Гоҳе ба нафаре алаф меовардам, гаҳи дигар молҳои мардумро мечараронидам. Луқмае дарёфт карда, рӯзамонро мегузаронидам. Амакҳоям азоби манро дида, мехостам моро аз ҳам ҷудо намоянд, вале қалби кӯчакам ба ин розӣ намешуд. Чунки ман худро дар назди волидонам қарздор меҳисобидам. Мо бояд ҳамчун бародар додарону хоҳарамро зери қаноти хеш мегирифтам. Ҳамроҳи азизони дилам рӯзе аз хонаи амакҳоям фирор намудем. Хоҳарам дар оғӯшам, додаронам дастодаст чи қадар роҳ рафтем намедонам. Азбаски ҳаво хунук буд, дар истгоҳе хостам шабамонро рӯз намоем. Фарзандони падарамонро дар оғӯш гирифтам, ғанабамон бурдааст. Бо нолиши додараки хурдиям бедор шудам, ки мегуфт:- акаҷон гурсна мондам, нон деҳ.

Худро ҳақиру нотавон ҳис намудам, чунки лоақал бурдаи ноне набуд, ки ба ӯ диҳам. Бо сад азоб ӯро ором карда, ба андеша рафтам, ки фардо ба мо чӣ мешуда бошад, аз куҷо барои онҳо нон ёбам. Як рӯзи сарди зимистон бароям дуру дароз намуд. Бо як поси шаб хобам набурд.

Бо онҳо чанд шабу рӯзро паси сар кардам, аз ёдам рафтааст, аз ин деҳа ба деҳаи дигар рафта, хизматгори мекардам, то қути лоямуте пайдо намоям.

Дар яке аз ин рӯзҳои сахти боронӣ дар роҳ мондем, на деҳае наздик буду на бурдаи ноне боқи монд. Дар назди дарахти азмҷуссае бозистода, лаб зери дандон монда, кӯдаконро дар оғӯш гирифтам. Агарчанде шамоли сахт мевазид, аз хунуки меларзидем, вале ноумед нашудам. Ногоҳ аз дур нақлиёте намудор шуд. Ронандаи он аз наздамон гузашта рафту боз каме ба ақиб баргашта, ба сӯямон омад.

-Дар ин нимашаб ба куҷо меравед? Чаро худатон танҳоед? Магар шумо хунук намехӯред?-гӯён саволборонам намуд.

-Падарам беному нишон шуду модарам аз тири дайдуе маро тарк намуд. Мо ҷое рафтан надорем. Чанд рӯз боз дар ба дару овораем-гуфтам.

– Хайр ҳеҷ гап не. Ба мошин шинед, ман ба шумо кӯмак мерасонам-гуфта моро ҳамроҳаш бурд.

Пас аз тановули ғизо каме ба худ омадем. Он марди сахӣ дастамонро гирифт. Ба хонаи интернати кӯдакони ятиму бепарастор ҷоямон намуда, ҳафтае ду маротиба аз аҳволамон хабар мегирифт, то мо азоби ятимиро накашем.

… Рузҳои пайи ҳам мегузаштанд. Ватанамон низ обод мешуд. Роҳбари давлат мо ятимони куллро зери ғамхорӣ давлат гирифта, аз чизе танқисӣ надоштем. Мо ятимон низ ба воя расида, таҳти ғамхориҳои фарзанди фарзонаи миллат соҳиб маълумот гардида, дар соҳоти гуногун фаъолият дорем. Ман  имрӯз шукрона менамоям, ки Худованд чунин Пешвои миллатро насибамон гардонидааст, ки нисбати ятмону бепарасторон ғамхориҳои падарона менамояд. Аз Яздони пок илтиҷо менамоям, ки ҳамеша нигаҳбонат бошаду сарбаланду сарфароз бошӣ…

ШАБАФРӮЗ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *