Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус

Соати 17:30 дақиқаи рӯзи 24 майи соли равон дар Бозори маркази нохияи Шаҳритус дар масоҳати 800 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад.

Тавре ки дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш карда шуд.

Дар натиҷаи сӯхтор 2 саройи (навес) фурӯши масулоти хоҷагии қишлоқ, 12 мағозаи хӯрока 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиеда аз 30 адад дӯкони савдо аз коми оташ наҷот дода шуд.

Ҳамазамон, хатари паҳншавии оташ ба биноҳои Амонатбонк ва Агроинвестбонк, ки дар шафати бозори мазкур қарор доштанд, пешгирӣ карда шуд.

Сабабҳои сар задани ҳодисаи сӯхтор аз руи хулосаи пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ буда аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда мавриди тафтиш қарор дода шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *