ПИСТАИ БЕМАҒЗ АГАР…

Ҷумъа, 29/05/2020-10:40

Худованди замину осмон дар каломи покаш сураи “Ҳуҷорот”, ояти 10. “Ҳар оина имон-орандагон бародаранд, пас байни онҳо сулҳу оштӣ биоред, ва аз Худованд битарсед, шояд раҳм оварда шавед”.

Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) дар ҳадиси гуҳарборашон мефармояд: “Мусалмони ҳақиқӣ шахсе ҳаст, ки мардум аз забон, ва аз дасти ӯ озор наёбад”.

Бузургон ва гузаштагонамон мефармоянд:

Дарахти дӯстӣ бишнон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душмани баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Ин аст таълиму тарбия дар дини мубини ислом шаръи шариф, вале мутаассифона аз шабакаҳои интернетӣ баъзе “домулло”, “олими дин” албатта дар нохунак чунон иғвову фитнаро дар байни мардум паҳн карда, онҳоро ба эътирозу фитнаандозиҳо роҳандозӣ мекунанд. Худованд дар сураи “Бақара”, ояти 191. “Фитна дар байни мардум бадтар аст, аз куштор”. Яъне аз хун резонидан, фитнаву тӯҳмат, дурӯғу дасисабозиҳои хоинони миллат, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Саидюнуси Истаравшанӣ, Шарофиддин Гадоев, Шавкати Муҳаммадӣ ва чандин лагандбардорону зархаридони хориҷӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳанд, байни мардум иғво ангехта, тухми кина адоват пошанд. Ин гуна рафтору гуфтор сирф муқобили оятҳо ва ҳадисҳои паёмбарамон мебошад. Онҳо аз дур истода, мардум ба эътироз даъват месозанд, аз дур тамошо мекунанд, вале онҳое ки фирефтаи найрангҳои онҳо мегарданд, баъди кор аз кор гузаштан ангушти надомат мегазанд.

Худованд дар ояти болозикр мефармояд: “Байни мардуми мусалмон сулҳу оштӣ, меҳру муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, таълим ва тарбия диҳед”. Ин гуна ашхос байни мардуми мусалмон кина, адоват, душманӣ, маҳалчигиро пайдо карда, ба монанди кӯра оҳангар пӯф карда, оташ афрӯхта истодааст. Мардуме, ки иншо-Аллоҳ 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳолии кишвар тинҷу осуда ҳаёт ба сар мебаранд. Мо-тоҷикон шукргузорӣ аз давлати тинҷу амонӣ намоем. Беҳтарин дастовард дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин Сулҳу ваҳдати миллист, ки бо ташаббусу заҳматҳои шабонарӯзии Фарзанди фарзонаи миллат ба даст овардем. Ҳеҷ гаҳ мо аҳолии кишвар бояд хидмати ин абадмарди шуҷоатро нодида нагирем ва фаромӯш насозем.

Имрӯзҳо баъзе аз нохалфони ифротӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ ба ҳар роҳу восита халқи азияткашидаи тоҷикро ба эътироз, ба шӯру валвала, кина адоват даъват намуда, ба мақсадҳои нопоки хеш расидан мехоҳанд.  Ин лабандбардорону хидматгорони хоҷагони хориҷӣ ба монанди Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Саидюнуси Истаравшанӣ, Ҳофиз Носирӣ, Шавкати Муҳаммадӣ, Шарофиддин Гадоев ва чандин афроди дигар мехоҳанд, дар фазои сулҳу ваҳдати тоҷикон нооромиҳоро ба роҳ монда, мардумро ба таҳлука андозанд. Ба айби чунин афроди нохалаф имрӯз фарзандони мо, ки дур аз чашми падару модар монданд, ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву ифротӣ пайваста, хуни ноҳақ мерезанд.

Аз дасти чунин афроди ҷиноятпеша  ҳар рӯз хуни мардуми бегуноҳ мерезад. Дар ягон дини ислом ва ғайриислом ин гуна разилиро қабул надоранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз қадимулайём мардуми бофарҳангу бо маданият аст ва аз таърихи гузашта сабақ гирифтаанд. Ин нохалафони наҳзатӣ айни ҳол ба дагандбардори машғуланду бо ду тини пучаки хориҷиён Тоҷикистонро ба ҷаҳониён бад муаррифӣ месозанд. Онҳо боре андешаи онро намекунанд, ки он табар, ки бардоштанд, бар решаи хеш мезананд. Ҳамчун як касали руҳие ҳастанд, ки агар сари чанд вақт ягон девонагарӣ накунанд, маблағи гирифтаашон заҳри танашон мешавад. Бо ин гуна ифлоси, тафриқаандозӣ, рӯсиёҳию маккорӣ ба ҷое нахоҳед расид. Он макру ҳилае, ки имрӯз наҳзатиёни ифлосу чоплус ба даст гирифтаед, ба кор нахоҳад рафт. Чунки мо-тоҷикон чун қуллаҳои баланди Помир қалби бузург дорем. Дар замирамон меҳру муҳаббати бузурги ватандӯстиро парваридаем. То он лаҳзае ҷон дар рамақ дорем, он садоқату вафодорӣ нисбат ба Ватан-модар зудуда нахоҳад шуд.

Вале он рафтору кирдори бадхоҳонаи шумо разилон беҷавоб нахоҳад монд. Чунки дер ё зуд ба назди Яздони пок ва қонун ҷавоб хохед гуфт. Айбу гунаҳи ҷавонони фирефташуда, хуни ноҳақи рехтаи онҳо бар гарданатон бор аст. Шумо-нохалафони нокаси бологузари хоҷагони хориҷӣ онро ба ин ҳол гирифтор кардед. Шумо чун пистаи бемағзро мемонед, ки агар лаб во кунед, расвои ҷаҳон хоҳед шуд. Ҳамаи басанда нест, ки боз аҳолии азияткашидаро бо ҳар роҳу восита ба эътироз даъват месозед. Дод аз дасти шумо-ифротиёни бадкирдор, мардумозор хуни мардумхор, кош бигардед, хору зор ва бимонед бемазор.

Пас, биёед мардуми сарбаланди тоҷик аз як гиребон сар барорем, баҳри ободии диёри хеш заҳмат кашем. Мо метавонем, даст ба дасти ҳам диҳем, ватанамонро обод созем.

Биё то кори ин миллат бисозем,

Қимори зиндагӣ мардона бозем.

На Афгонем, на Турку на Тотор,

Чаманзорем аз як шохсорем.

Тамизи рангу бар мо ҳаром аст,

Ки мо парвардаи як навбаҳорем.

Саъдӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *