М У Р О Ҷ И А Т Н О М А

Бо қарори маҷлиси Кумитаи

иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Вахш

аз “13” январи соли 2026, №6

қабул гардидааст.

 

Чоршанбе, 14/01/2026-18:40

М У Р О Ҷ И А Т Н О М А И

КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ БА АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ ДАР ҲОШИЯИ ИРОАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ МАМЛАКАТ ҶИҲАТИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2026 – “СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ВА ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МУҚАДДАС ВА БУЗУРГИ МИЛЛӢ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ”

Мо-мардуми сарбаланд ва тамаддунофари тоҷик зери ливои тинҷию оромӣ ва сулҳу суботи саросарии кишвар, таҳти сиёсати ваҳдатофар, созандаву бунёдкорнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як соли пур аз нишоту фараҳро бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ паси сар намуда, рӯз аз рӯз ба истиқболи ҷашни милливу мардумӣ, муқаддасу бузург 35-солагии Истиқлоли давлатӣ наздик мешавем.

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ба мардуми кишвар пешниҳод гардид, бори дигар дар замири ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ нангу номус, шарафу ор, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз ватандориву ватансозиро бедор кард. Дар Паёми навбатии хеш Пешвои муаззами миллат заҳмати аҳлонаи ҳар як фард ва мардуми шарифи Тоҷикистонро баҳри таҳкиму густариш, пойдории сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ иброз дошта, бо як ҷаҳон самимият ва эътимоду боварӣ ба ҳамаи соҳибкорону шахсони саховатпеша ва шаҳрвандони ватандӯсту заҳматқарин, бонангу номус ва масъулиятшиноси мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.

Мардуми заҳматқарину заҳматпешаи ноҳияи Вахш! То рӯзи санаи фархунда – ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам боқӣ мондааст. Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем. Ҳар яки мо бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, тибқи дастуру ҳидоятҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намоем.

Месазад, ки ҳар як фарди бедордил, ватанхоҳу ҳисси миллидошта дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои кору фаъолият ва зиндагии хеш қарор дода, ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон раванди коҳои ободониву созандагӣ ва тозакориро дар тамоми манотиқи кишвар то дурдасттарин деҳоти он бурда расонем ва ба ин васила бори дигар обрӯю нуфузи Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Дар ин замина, аз хурд то бузург тамоми кӯшишу ғайрат ва матонати хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллидоштаамонро ба он равона созем, ки пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси эълон гардидани Соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ гардад.

Дар расидан ба ин ҳадаф ба ҳама аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барору комёбиҳо хоҳонем.

        КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *