ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Чоршанбе, 14/01/2026-11:55

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАМИНАҲОИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД ТАҲКИМ МЕБАХШАД

Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрўзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳезӣ ва пешниҳод намудааст. Тамоми мардуми меҳнатқарини кишвар ҳамасола Паёми Президентро бо эҳсоси баланди ватандӯстона, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва рисолати фарзандӣ пазируфта, барои амалишавии он саъю талош варзида, ҳамсафу ҳамқадами сиёсати пешгирифтаи Пешво мебошанд. Нуктае, ки дар Паёми навбатӣ арзёбӣ гардид ва дар Паёмҳои қаблӣ низ садо дода буд, масъалаи дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба воя расонидани фарзандон, таълими хушсифат ва тарбияи неки онҳо, талқини омӯзиши технологияи муосир ва забонҳои гуногуни хориҷӣ, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус додан, эҳтироми баланд гузоштан ба падару модар, дӯст доштани Ватан, пешгирии фарзандон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва экстремистӣ мебошад. Пешвои миллат пайваста таъкид кардаанд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Ва воқеият аст, ки танҳо миллати босавод метавонад насли донишманд ва кадрҳои арзандаро ба воя расонида, пеш равад ва дар ҷомеа мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замон ҷавобгӯ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро, хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.” Дар робита ба ин, мавзуъ ҷоиз ба қайд аст, ки имрӯз волидон бояд ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё созанд. Соҳаи илму маориф чун солҳои пеш соҳаи афзалиятнок дар сиёсати давлат эътироф гардида, барои пешрафти он аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад шуд. Пешвои миллат аз ҳамаи халқи Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал оварда буданд, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда, ба хотири таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар  назди халқу давлатамон содиқонаву софдилона иҷро намоем. Дар робита ба ин ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Қурбониён

Б.С, муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Шарипов

Б.Ю, Котиби маҷлиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *