Душанбе, 19/01/2026-12:18
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми декабри соли 2025)
Илм ва маориф ду соҳаи калидӣ ва афзалиятнок дар сиёсати Ҳукумату давлат ба шумор мераванд. Ҳамасола ин соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа дар Паёми Пешвои миллат мӯшикофона ва дурандешона таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати рушди мунтазам ва босуботи илму маориф ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод карда мешаванд. Боиси зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат соҳаҳои илму маориф бамаротиб инкишоф ёфта, дурнамои соҳа муайян ва кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир тарбия ва ба вазифаҳои ба ихтисоси худ мутобиқ интихоб шуданд.
Дар ин замина, Пешвои миллат таъкид доштанд:
“Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”.
Дар воқеъ халқи шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон буҳрони иқтисодӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти халқро фаро гирифт ва ба соҳаҳои илму маорифи мамлакат зарбаи ҷонкоҳ ворид шуда, ҳазорон омӯзгорони асилу фидоӣ, тарки соҳа намуда, ба хориҷи мамлакат кӯч бастанд. Дар ин давра норасоии омӯзгорон ва мушкилоти соҳа афзун гардида, хонандагон ба синфхонаҳои бо васоити таълимӣ муҷаҳҳаз дастрасӣ надоштанд. Маҳз, бо дастгирӣ ва пуштибониву ибтикори Ҳукумату давлати Тоҷикистон мушкилоти соҳаи илму маориф давра ба давра бартараф шуда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра барои бо омӯзгорони соҳибтахассус таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ аз ҷониби Ҳукумату давлат квотаи Президентӣ ташкил шуда, ҳазорон довталабон аз ноҳияҳои дурдаст ба тариқи ройгон ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуда, баъд аз хатм ба шаҳру ноҳияҳои худ баргашта, ба фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ машғул шуданд. Ҳамзамон, бо дастгирию пуштибонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба омӯзгорони ҷавон қитъаи замин барои сохтани манзилҳои истиқоматӣ ҷудо гардид ва дар баробари ин аз дигар кӯмакҳои модию иҷтимоии Ҳукумату давлат онҳо бархӯрдор гардиданд. Ин пуштибонӣ ва ғамхории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати омӯзгорони ҷавон самараи нек ба бор оварда, дар як муддати кӯтоҳ масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ роҳи ҳалли худро пайдо намуда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кадрҳои тахассусманд таъмин гардида, ба пуррагӣ норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна роҳи ҳалли худро пайдо намуд.
Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир чун давоми мантиқии сиёсати афзалиятнок ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, талош меварзад, ки ҷавонони аз илму фанновариҳои замони муосир огоҳии комил пайдо намоянд ва ҳамқадами ҷавонони кишварҳои муттарақӣ бошанд. Пешвои муаззами миллат барои насли ҷавони мамлакат беҳтарин шароитро муҳайё намудааст, то ки ҷавонони мо дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ва хориҷи кишвар илму дониш андӯзанд ва онро дар амалия татбиқ намуда, дар пайи ободии мамлакат саҳм гузоранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдории сулҳу субот ва бегазандии ваҳдату иттиҳоди миллатро дар Паёми имсола маҳз дар тарбияи дурусти ҷавонони мамлакат арзёбӣ намуданд. “Ҳамагон хуб медонанд, ки бақои миллат ва рушди давлат аз кадрҳои босавод ва омӯзишдида вобастагии амиқ дорад”. Дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир миллате пойдору устувор, бегазанду шикастнопазир ва бобақо мемонад, ки ҷавонони босавод ва мутахассисони варзида дошта бошад. Аз ин рӯ, тарбияи мутаххасисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат шарту зарур аст.
Маблағгузорӣ ба соҳаҳои илму маориф ин заминагузорӣ ба ояндаи дурахшони миллату давлат аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина чунин ибрози назар намудаанд: “Рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафта вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад, ба ибораи дигар ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.
Дар воқеъ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои беҳтар гардонидани вазъи моддиву иқтисодии ин соҳаҳои ҳаётан муҳим пешниҳодҳои созандаи худро ироа намуданд. Дар ин замина, барои банақшагирии сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва муайян намудани дурнамои соҳаҳои мазкур пешниҳоду дархостҳои муҳиму саривақтии худро иброз доштанд.
Тибқи таҳлилҳо ва дурнамои стратегияи Ҳукумату давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуд:
“Дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба 4 миллион нафар мерасад ва бинобар ин моро зарур аст, ки барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми 12 солаи таълим аз ҳоло чораҷӯӣ намоем”.
Аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ба таври дақиқ ва мӯшикофона тамоми соҳаҳо таҳлилу баррасӣ шуданд, ҳаминро дарёфт намудем, ки моро лозим аст бо донишҳои замонавӣ ва бо дасту дили гарм сиёсати Ҳукумату давлатро дар тамоми соҳаҳо ҷонибдорӣ намуда, баҳри рушду пешрафти илми тоҷик саҳмгузор бошем.
Мамадализода Гулҷаҳон Раҳимҷон,
директори МТМУ №22

