ПАЁМ МОРО БА ОЯНДАИ НЕК МЕБАРАД

Сешанбе, 13/01/2026-10:54

Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Воқеан, гарчанде, ки Паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат мебошад. Пеш аз ҳама, ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.

Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаълияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида, вобаста ба таҳлилҳои гузаронидашуда ба таври мушаххас масъалагузориҳо сурат гирифтанд. Дар робита ба ин, метавон иброз дошт, ки аз диди назариявӣ Паёми навбатии Пешвои миллат бакорандозии механизмҳои иловагии бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таѓйироти  институтсионалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, пешниҳоди ѓояи нави таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоиро ба ҷомеа пешниҳод намуда, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, тақвияти неруи инсонӣ, татбиқи чораҳои амалии тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ, инчунин таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа ва тарбияи насли созандаро  бо пешниҳоди тадбирҳои мушаххас ва масъалагузориҳои дақиқ ба миён гузошт.

Аз диди сиёсӣ Паёми имсола пурра воқеияти сиёсии на танҳо дохилӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дар бар гирифта, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба рӯйдоду ҳодисоти як соли охир дақиқ муайян намуд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза хусусияти таҳдидовар ба ҳамзистии осоиштаи халқу миллат ва давлатҳоро ба миён оварда, терроризм ҳамчун падидаи марговар амният ва суботи кишварҳои гуногунро халалдор намуда истодааст.

Бо дарназардошти вазъи кунунӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз намуда буданд, ки “Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад”

Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз ҷиҳати мавқеи географии худ дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷойгир буда, аз диди геополитикӣ осебпазир мебошад. Инро таҷрибаи давлатдории мо дар давраи нав собит намуд ва имрӯзҳо ҳам собит намуда истодааст. 35 соли соҳибдавлатӣ марҳилаи мушкили давлатсозию миллатсозӣ маҳсуб ёфта, дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ мо бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ошӯбҳо ва кӯшишҳои табаддулоти хоинонаи фарзандони ҳамин сарзамин, ки фармони хоҷагони хориҷии ҳудро иҷро мекарданд, бо талошҳои ноором сохтани марзи давлатӣ, бесубот сохтани авзои сиёсӣ аз дохилу берун рӯ ба рӯ гаштем. Ин ҳама моро ҳушдор медиҳад, то ба масъалаҳои давлатдории миллии худ аз диди таъсири манфиатҳои абарқудратҳо назар карда, баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои ба манфиатҳои миллию давлатӣ таҳдидкунанда омодагии доимӣ дошта бошем. Зеро дар сиёсати байналмилалӣ на дӯстону душманон, балки манфиатҳо нақши ҳалкунанда доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз намуда буданд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд»

Лозим ба ёдоварист, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ- ин нигоҳ доштани қобилияти худтакмилдиҳӣ буда, ҳамчун заминаи таъминкунандаи рушди минбаъда он бояд баҳри бартараф намудани монеаҳои пайдошаванда хусусияти кушода дошта бошад. Бо назардошти ин хусусияти муҳим Паёми имсолаи Пешвои миллат бакорандозии механизмҳоеро пешбинӣ намуд, ки баҳри бартараф намудани монеаҳои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ нигаронида шудаанд.

Самти дигаре, ки дар Паём ҳамчун самти меҳварӣ баён гардид, вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат муайян намудаанд.

Дар ин робита, моҳи декабри соли 2025 ҳангоми ироаи Паёми навбатии ҷиҳати идома додани ѓамхории давлат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони ташкилотҳои дигари буҷетӣ, инчунин стипендия ва нафақа зиёд карда шавад.

Дар ин раванд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  14-уми январи соли 2026, №1132 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид.

Бо таваҷҷуҳ ба маблағгузории соҳаи маориф ва дастгирии иҷтимоии кормандони ин соҳа, тибқи фармони мазкур маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 фоиз зиёд мегардад.

Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва муассисаҳои илмӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла аз рӯйи мансабҳои сартабиб, табиб, кормандони миёна ва кормандони хурди тиббии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯйи Дастурамал оид ба тартиби таъин ва пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Маоши кормандоне, ки дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, 20 фоиз зиёд мегардад, яъне маоши вазифавии кормандони тиббӣ, маъмурӣ ва хоҷагии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, дигар муассисаҳои низоми иҷтимоӣ, аз ҷумла осоишгоҳҳо, литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва дигар муассисаҳои соҳа ба ҳамин андоза зиёд карда мешавад.

Инчунин, музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳанг 20 фоиз зиёд карда шуда, тибқи тартиби муайяншуда пардохт мегардад.

Бо мақсади ҷалб намудани мутахассисони болаёқат ба хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ барои мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 20 фоиз зиёд мешавад.

Дар асоси фармони мазкур маоши вазифавии кормандони дигар муассисаву ташкилотҳо низ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд мегардад.

Ҳамзамон, бо ин, аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешавад.

Тибқи фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2026 ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад, яъне музди меҳнати моҳонаи кормандон дар ҳамаи муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз 1 сентябри соли 2026 набояд аз 1300 сомонӣ кам бошад.

Дар асоси фармони зикршуда стипендияҳои амалкунанда, аз ҷумла стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбию илмӣ ва стипендияи давлатӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Маблағгузории маоши зиёдшуда пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таъмин карда мешавад.

Хулоса, омӯзиши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ воситаи воқеии таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа буда, дар он вазифа ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва  мавқеи сиёсиаш амиқан нишон дода шудааст.

Қурбониён Б.С,

Муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Шарифзода О.О,

ёрдамчии раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *