0701/2026-09:22
Дар партави ПАЁМ
Аҳли маорифи ноҳияи Вахш Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тавассути телевизион тамошо карда, аз он руҳу илҳоми тоза гирифтем. Паёми Президент самтҳои асосии тараққиёти кишварро дар солҳои охир муайян намуда, комёбиҳои дар соҳаи маориф ба даст овардаро бо мисолҳо нишон дода, аз он ҷумла қайд намуданд:
-Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Аз ин бармеояд, ки соҳаи маориф дар ин давраи рушд карда, ба дастовардҳои шоиста соҳиб шуда, комёбиҳои худро рўз аз рўз афзун намуда истодаанд.
Мо-маорифчиёни ноҳияи Вахш Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар заҳматкашони ноҳия якдилона дастгирӣ карда, рӯҳбаланд гардидем ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар шукуфоии кишвар саҳми арзандаи хешро мегузорем. Зеро зимни ироаи Паёми навбатӣ Пешвои миллат таъкид карданд:
Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд.
Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд.
Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад.
Аз Паём аҳли маорифи ноҳияи Вахш рӯҳу илҳоми нав гирифта, моро барои ноил шудан ба комёбиҳои нав ба нав ҳидоят менамояд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки барои амалӣ гардонидани нишондодҳои назаррас Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода мебарем.
Ё. АСОЗОДА, директори МТМУ №6

