АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

05/012026

Вусъати корҳои сохтмонӣ дар соҳаи маориф

Мардуми шарифи кишварамон чун анъана, дар охири соли мелодӣ, пахши мустақими телевизионии ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва  хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, интизорӣ мекашанд. Дар Паёми ҳарсола, тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварамон аз ҷониби  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба таҳлил гардида, дастуру супоришҳои нав ирао мешаванд. Дар қатори дигар  ҳамватанон, сокинони ноҳияамон низ  дар иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҷумла дар самти сохтмони иншоотҳои соҳаи маорифи ноҳия, саҳми босазои худро гузошта истодаанд.  Ҳамакнун, бо назардошти иҷрои  дастуру супоришҳои, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024, ироа гардида буд: ”бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.” дар ноҳия  ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта истодааст. Шуъбаи маориф ҷиҳати иҷрои дастури болозикр, нақшаи худро дар мувофиқа бо  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, оид ба муддати 5 соли оянда сохта ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ дар маҳалҳое, ки 100 оила зиндагонӣ мекунанд, дар ноҳия  сохта ба истифода додани 10 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ба нақша гирифтааст. Айни ҳол, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар марказҳои шаҳраки Вахш 2 ва  деҳоти Машъали ноҳия 1 бо маром идома доранд.

         Дар соли 2025, дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар назди муассисаи таълимии №9- 3 синфхона, рӯзи Ваҳдати миллӣ дар филиали муассисаи таълимии №17- 4 синфхона, ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таълимии №18- 2 синфхона, 37- 2 синфхона, 48- 4 синфхона, 68-2 синфхона, 81-4 синфхона ҷамъ: 23 синфхона мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд.

Боиси  зикр аст, ки аз   истифода аз имкониятҳои буҷети давлатӣ ва бо ҷалби соҳибкорони ватандӯст андешидани тадбирҳои мушаххас то ҷашни 35-солагии Истиқолияти давлатӣ, дар назди 24 муассисаҳои таълимӣ ва дар се деҳаҳои навбунёд, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии №17-2 синфхона, №18-2 синфхона, 19-4 синфхона, 30-8 синфхона, 31- 4 синфхона, 34-5 синфхона, 35-10 синфхона, 38-24 синфхона, 41-10 синфхона, 43-2 синфхона, 44- 4 синфхона, 45-8 синфхона, 46-2 синфхона, 50-4 синфхона, 51-7 синфхона, 52-10 синфхона, 57- 2 синфхона, 58- 2 синфхона, 62-2 синфхона, 64- 2 синфхона,67-4 синфхона, 74- 10 синфхона, 78-2 синфхона, 80-16 синфхона, дар деҳаҳои навбунёди Ҳофизи Шерозӣ-7, Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ-10 синфхона, деҳаҳои Навбунёд-2 ва Бӯстони  Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳия- 14 синфхона, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои таълимӣ аз ҳисоби Лоиҳаҳои сохтмонӣ ва бо ҷалби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо маром идома доранд. Ҳамчунин, дар назди 7 муассисаҳои таълимии №1, 2, 5, 7, 17, 30, 39-и ноҳия сохтмони 10 синфхонаи Маркази инкишофи барвақтии кӯдак дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Болопӯши биноҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти  умумии №1, 5, 20 азнавсозӣ шуданд.

С. Гулмонов,  

корманди шуъбаи маорифи ноҳия      

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *