МУЛОҚОТИ ҲАЙАТИ ХАТЛОН БО ВОЛИИ БУРСАИ ТУРКИЯ

Ҷумъа, 16/09/2022-09:36
Дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Бурса дидору мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо волии Бурса ҷаноби Якуп Ҷанболат доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ инчунин сафири Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов, раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ширкат варзиданд.
Волии Бурса Якуп Ҷанболат зимни пазироии ҳайати Хатлон қайд кард, ки баргузории чунин ҳамоишҳои корӣ барои вусъат бахшидан ба ҳамкории доираҳои тиҷоратии тоҷику турк мусоидат мекунанд.
Бурса нахустин пойтахти таърихии Туркия буда, ҳоло бо аҳолии беш аз семиллионнафарааш чаҳорумин шаҳри сернуфуси Туркия маҳсуб мегардад. Бурса ҳоло 17 минтақаи озоди саноатӣ дошта, яке аз бузургтарин шаҳрҳои саноатии Туркия мебошад.
Тавре ки волии Бурса маълумот дод, маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои саноатии ин шаҳр ба 187 кишвари ҷаҳон, асосан Олмон, Фаронса ва Италия содирот мешаванд. Дар ин шаҳр корхонаҳои азими автомобилсозии OYAK Renault, TOFAŞ, Bosch ва Karsan фаъолият мекунанд ва дар нимаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи қариб 5 миллиард доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар маҳсулоти саноати мошинсозӣ содирот шудааст. Дар ин шаҳр ҳамчунин тавлиди либосворӣ ва саноати ресандагӣ рушд кардааст.
Ҷаноби Якуп Ҷанболат афзуд, ки тибқи омори расмӣ ҳоло дар шаҳри Бурса 128 нафар тоҷикон, аз он миён 40 донишҷӯи тоҷикистонӣ, зиндагӣ ва таҳсил мекунанд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар мулоқот қайд кард, ки шарикии мутақобилан судманд ва фаъолияти муштараки Тоҷикистону Туркия дар самтҳои гуногун ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳои мо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган рушд ёфта истодааст.
То ба имрӯз миёни ду кишвар заминаҳои мусоиди ҳуқуқии муносибат ва ҳамкориҳо ташаккул ёфтааст. Дар ин давра зиёда аз 70 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд.
Зикр шуд, ки ду кишвар то имрӯз дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондаанд. Акнун бо сармоягузории муштарак ва ё танҳо сармояи туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 80 корхона дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти тайёр фаъолият мекунанд.
– Бо дарназардошти муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ мо бар ин боварем, ки ду кишвари дӯсту бародар барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илм, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ низ заминаҳои муносиб доранд, – идома дод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. – Мероси муштараки фарҳангии Тоҷикистон ва Туркия, ки аз мутафаккирони бузург ва шахсиятҳои ҷаҳонӣ, хусусан Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ сарчашма мегирад, заминаи мусоиди муносибат ва ҳамкориҳо
метавонад бошад.
Мулоқоти ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарияти шаҳри Бурса дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаҳои дигари рушди ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *