ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соати 07:30-и 17 сентябри соли 2022 вобаста ба иҷро намудани шартҳои оташбаси эълоншуда вохӯрии Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ду ҷониб масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти…

Идомаи хониш ... ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 10:00-и 17 сентябри соли 2022, вазъият дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад. Вале дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Чунончӣ, аз самти…

Идомаи хониш ... Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд. Сарони давлатҳо вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд. Президентҳо дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳқиқи…

Идомаи хониш ... Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 16.09.2022. /АМИТ «Ховар»/.  Новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони сохторҳои аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас, бо гузашти якуним соат, ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии…

Идомаи хониш ... Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябри соли 2022 соати 14:00 ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар хати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ННГС Равоти шаҳри Конибодом вохӯрии ҳайатҳои ду ҷониб таҳти роҳбарии Раиси КДАМ ҶТ Ятимов Саймумин Сатторович ва Раиси КДАМ ҶҚ Ташиев Қамчибек Кидиршаевич баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи…

Идомаи хониш ... Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад