ДАР ИДОМАИ САФАР

Ҷумъа- 16/09/2022-08:30
Дар идомаи сафар ба Ҷумҳурии Туркия роҳбарият ва гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон дар шаҳри Истанбул аз корхонаҳои минтақаи муташаккили саноатии Deri OSB – Ассосиатсияи коркардкунандагони пӯсти Туркия дидан намуданд.
Ин корхона дар минтақаи Аврупо аз лиҳози шаҳомат ва ҳаҷми истеҳсол дар мақдоми дувум ва дар ҷаҳон дар даҳгонаи азимтарин ширкатҳои коркарди пӯсту чарм маҳсуб меёбад. Муҳиттин Савраноглу, ноиби президенти Ассосиатсияи коркардкунандагони пӯсти Туркия, зимни шиносоии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳамроҳонаш аз корхонаи мазкур маълумот дод, ки дар як сол пӯсти то 7 миллион сар чорвои калон ва қариб 50 миллион сар чорвои хурд мавриди коркард қарор мегирад. Дар соли 2021 ба маблағи 962 миллион доллари амрикоӣ аз хориҷи кишвар пӯст харидорӣ шудааст.
Теъдоди корхонаҳои коркарди пӯст дар Туркия ба 539 адад расида, аз 14 минтақаи саноатие, ки ба коркарди чарм машғуланд, корхонаҳои 6 минтақа маҳсулоташонро ба хориҷа содирот мекунанд. Ҳоло дар корхонаҳои коркарди пӯсти Туркия 10 ҳазору 780 нафар фаъолият мекардаанд.
М. Савраноғлу афзуд, ки дар соли 2021 корхонаҳои пӯсту чарми Туркия ба маблағи як миллиарду 726 миллион доллар маҳсулот содирот намудаанд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Туркия аз Тоҷикистон дар соли 2021 ба маблағи 4 миллиону 931 ҳазор доллар ва дар нимаи якуми соли ҷорӣ ба қадри қариб 3 миллион доллар пӯсти сабзро барои коркард харидорӣ кардааст. Дар баробари ин соли гузашта ба маблағи қариб 3 миллион доллар ва дар нимаи якуми соли ҷорӣ дар ҳаҷми наздик ба 3 миллион доллар пойафзол ва компонентҳои онро ба Тоҷикистон содирот кардааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки дар вилоят ҳамагӣ 6%-и пӯсти чорвои забҳшуда мавриди коркард қарор мегирад. Бо дарназардошти ин ки ҳамасола бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштӣ садҳо ҳазор сар чорвои калону хурд забҳ мешавад ва пӯсти он талаф меёбад, бунёди корхонаҳои коркарди пӯсту чарм айни муддао мебошад. Дар ин самт омӯзиши таҷрибаи Туркия ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои коркарди пӯсту чарми Истанбул судманд аст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои ба баррасӣ гирифтани мавзуи ҳамкорӣ миёни сармоягузорони туркию ширкатҳои тоҷикӣ дар самти коркарди пӯсти чорво мусоидат хоҳанд кард.
Дар интиҳо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ноиби президенти Ассосиатсияи коркардкунандагони пӯсти Туркия Муҳиттин Савраноглу ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориро ба имзо расониданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *