РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
Шанбе, 05/11/2022-11:30 Суханронии раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов дар маҷмаи фарҳангии «Офтобак» бахшида ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 ноябри соли 2022 Меҳмонони азиз! Ҳозирини муҳтарам! Бо ифтихор аз ватандорӣ ва таъмини волоияти қонун дар кишвари азизамон, имконият фароҳам омадааст, ки санаҳои таърихӣ ва ҷашну идҳои миллиамонро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намоем. Имрȳз ҳам, ба хотири таҷлили ҷаши яке…
30-СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
Сешанбе,26/10/2022-16:00 Баргузории Аксияи ҷумҳуриявии «Альбом -Эстафета», таҳти унвони «30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат»-ро, ки дар кишвари азизамон доир гардида истодааст, табрик мегӯям. Баргузории ин ва чунин чорабиниҳо саривақтӣ буда, арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду нумуми кишвар мебошад. Асоси соҳибистиқлолӣ ва…
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Шаҳрвандони солимфикри қирғиз аз иқдомоти саркардагони ҳодисаҳои марзӣ розӣ нестанд
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қирғизистон эҳтимоли сар задани инқилоби навбатӣ вуҷуд дорад. Чунин навиштааст дирӯз, 18 сентябр дар саҳифаи худ дар Facebook корманди Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фируз РАМАЗОН. «Шаҳрвандони солимфикри қирғиз аз иқдомоти саркардагони ҳодисаҳои марзӣ розӣ нестанд ва хостори ба истеъфо рафтани онҳо мебошанд», — навиштааст ӯ. Ба андешаи…
ҚАМЧИБЕК ТАШИЕВ КИСТ? Посухи дипломати тоҷик ба ин суол
Сентябрь 19, 2022 12:36 ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳуҷуми мусаллаҳонаву аҳдшиканонаи неруҳои низомии Қирғизистон давоми чанд рўзи охир, бахусус амалҳои иғвогаронаи роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев бори дигар моро маҷбур кард, ки дар бораи кӣ будани ў ёдовар шавем. Дар зер мақолаи номзади илмҳои сиёсӣ, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон ЗАРИФӢ, ки онро АМИТ «Ховар» аз publizist.ru тарҷума ва 31 марти соли 2021…
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат барои табобати сокинон ва низомиёни дар муноқишаҳои марзӣ зарардида табибони варзида ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҷароҳатбардоштагони муноқишаҳои ахири марзиро аёдат намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд. Зимни аёдати захмиёни даргириҳои охир иттилоъ дода шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии…
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Гурӯҳи корӣ дар Исфара теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии харобгаштаро муайян мекунад
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара иншооти гуногун, аз ҷумла манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар дидаву хароб гардидаанд, айни замон аз ҷониби мақомоти марбута барои муайянсозии хисорот гурӯҳи корӣ ташкил шуда, теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии зарардида дақиқ карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд. Аксҳо аз минтақаҳои…
ИТТИЛОИЯ. Дар бораи вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 18.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо идома додани амалҳои иғвоангезона ва таҷовузгаронаи худ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи 17 сентябр боз талаботи созиши оташбасро вайрон намуда, ҷамоати Чоркӯҳ ва қитъаи шоҳроҳи Чорқишлоқи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз миномёт тирборон карданд. Дар ин бора дар иттилоияе, ки дар саҳифаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Facebook нашр гардидааст, гуфта мешавад. Соати…
ИТТИЛОИЯ. Дар бораи вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 18.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастгирии дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶҚ 14 сентябр, соати 7:15 бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷаи амалҳои душманона, аз ҷумла тирборон кардани мавқеи посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз миномёт, пулемёт ва…
ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои низомии Ҷумҳурии Қирғизистон шарту талаботҳои оташбаси эълоншударо нодида гирифта, 17 сентябри соли 2022, соати 11:50 аз мавқеи ноҳияи Ҷонолойи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби хонаҳои сокинони деҳаи Тоҷварони ҷамоати Сайлиободи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз техникаи ҷангии “Град” оташ кушоданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии…
ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соати 07:30-и 17 сентябри соли 2022 вобаста ба иҷро намудани шартҳои оташбаси эълоншуда вохӯрии Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ду ҷониб масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти…