РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Шанбе, 05/11/2022-11:30

Суханронии раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов дар маҷмаи фарҳангии «Офтобак» бахшида ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 ноябри соли 2022

Меҳмонони азиз!

Ҳозирини муҳтарам!

Бо ифтихор аз ватандорӣ ва таъмини волоияти қонун дар кишвари азизамон, имконият фароҳам омадааст, ки санаҳои таърихӣ ва ҷашну идҳои миллиамонро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намоем.

Имрȳз ҳам, ба хотири таҷлили ҷаши яке аз санаҳои муҳими таърихӣ, қабули «Конститутсияи Тоҷикистон» ҷамъ омадем.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ин санаи таърихӣ, 6 – уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандȳстӣ ҷашн мегиранд, ки маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфт.

Ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар шахси Шумо кулли мардуми ноҳияи Вахш, вилоят ва Тоҷикистонро, ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик гуфта, тани сиҳат ва зиндагии босаодат орзу менамоям.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.

Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон дарҷ шудааст, ягона роҳи дурусти амалӣ кардани манфиатҳои миллӣ, рушди бонизоми давлат ва таъминкунандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.

Чи хеле Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Ба даст овардани  соҳибистиқлолӣ тақозо намуд, ки санади тозае таҳия ва қабул карда мешуд.

Чунки мақсад ва вазифаи асосии давлат бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ буда, кафолати амалӣ гардидани онҳоро Конститутсия муайян мекунад.

Якумин маротиба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ, дар асоси Эъломияи ҳуқуқи башар,  қабул гардида, иҷрои он барои ҳама давлатҳои аъзои Созмони Милали Мутаҳида ҳатмӣ мебошад.

Дар натиҷаи фаъолияти шабонарȳзии Ҳукумати мамлакат, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кȳтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид. Дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.

Фазои орому осоиштаи кишвар, дар навбати худ, барои рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат шароит фароҳам овард.

Чунин шароит ба он мусоидат намуд, ки дар кишвар ҳазорҳо корхонаи хурду миёна ва бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд, садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, сатҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон зина ба зина рȳ ба беҳбудӣ ниҳод.

Тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва дигар зери парасторӣ ва ғамхории махсус қарор гирифтаанд.

Дар Конститутсия дарҷ гардидани принсипҳои демократӣ ба мо имкон дод, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мардуми дорои таърих ва забону фарҳанги бостонӣ ва соҳиби анъанаҳои деринаи давлатдорӣ муаррифӣ намоем.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид гардиданд, тақозо ва таҳаввулоту дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа буда;

– сохтор, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои ин санади муҳимро такмил дода, барои боз ҳам тавсия бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа мусоидат намуданд;

-асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузории кишварро таҳким доданд;

-ва санадҳои аз ҷониби умум пазируфташударо ба меъёрҳои конститусионӣ мутобиқ намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои пасошȳравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.

Барои қабули конститутсияи нави давлати соҳибистиқлол, бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи конститутсионӣ  таъсис дода шуд.

Ба комиссия мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, олимон ва муҳақиқони соҳаи илмҳои сиёсӣ, ҳуқуқшиносони касбӣ ҷалб карда шуда,

-бо такя ба арзишҳои таърихи халқамон;

-орзуву ормонҳои мардуми кишвар;

-дарки манфиатҳои миллӣ, таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои дигар;

-эҳтиром ба арзишҳои аз чониби умум эътирофшудаи байналмилалӣ;

-арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва муҳимтар аз ҳама; бо мақсади ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ лоиҳаи конститутсияро барои муҳокима ба мардум пешниҳод намуданд.

Лоиҳаи Конститутсия зиёда аз ду моҳ дар муҳокимаи мардум қарор дошт.

Бинобар ин, мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем.

Омȳхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани ин санади тақдирсоз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, аз хурд то бузург мебошад.

Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сȳи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад.

Хусусан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳиду хатарҳои муосир, ки метавонанд истиқлоли миллӣ ва амнияти давлату ҷомеаи моро халалдор созанд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем.

Тоҷикистони азиз, дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, бо такя ба Конститутсияи худ давлате бунёд шуд, ки дар он сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, мардумаш ба имрȳзу ояндаи худ дилпурона назар мекунанд ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намуда истодааст.

Итминон дорем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда низ саъю кȳшиш мекунанд, ки бо заҳмати содиқонаву аҳлона дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, тараққиёти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд гузоранд.

Вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кȳшиш намоем.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони гиромиро ба ифтихори Рȳзи Конститутсия табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон пешравиҳои боз ҳам бештар орзу менамоям.

Рȳзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *