КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Шанбе, 05/11/2022-12:45

Баромади прокурори ноҳияи Вахш,

мушовири адлияи дараҷаи 1

Исмоилзода Салоҳиддин Абдулазиз

бахшида ба 28-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Иҷозат фармоед бо нияту ормонҳои нек ва ояндаи дурахшони кишвари азизамон ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни 28-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба Шумо иқболи нек ва зиндагии босаодатро орзумандам.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.

Вақте, ки сухан дар бораи Конститутсия меравад, мо ҳатман ҳомӣ ва тарроҳи ин номаи бахту саодати миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши рȳ меоварем, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҷомаи амал пȳшидани орзуи деринаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ дар чорчубаи арзишҳои фарҳангӣ буда, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакати мо ба амал бароварда шуд.

Дар таърихи давлатдориҳои ҷаҳон санадҳои муҳим, қонунгузориҳои муҳиме дар рафти инкишофи ҷомеъа   вобаста ба зараруриятҳои объективӣ ва субъективии ба амал омада қабул гаштаанд, ки баъдан қабули чунин ҳуҷҷатҳо, санадҳои муҳими қонунгузорӣ боиси рушду нумуи давлатдориҳо, дигаргун гаштани рафти тараққиёти ҷамъият, тағйир ёфтани савияи фикрронии бани одамизод ва муносибати инсонҳо бо ҳам ва муносибати одам бо ҷамъият ва давлат ва баръакс гашта, боиси тағйироти куллӣ дар ҳаёти инсон ва бо ибораи дигар боиси рȳйдодҳои муҳим бо оқибатҳои тамаддунсоз гардиданд. Чунин санади муҳим дар таърихи давлатдориҳо ва дар таърихи инсоният бешубҳа қабули конститутсияҳо-қонунҳои асосии  кишварҳои мухталиф буда, қабули чунин санадҳои муҳим баъдан маҷрои инкишофу тамаддуни кишварҳои ҷаҳон ва фарзанди одамизодро билкул тағйир дода, онро ба маҷрои нави рушду инкишоф, ақлгароӣ ва волоияти қадру қиммати инсон дохил намудааст. Калимаи конститутсия решаи худро аз ибораи лотинии «конститутсио» гирифта, маънои сохторро дошта,  қонуни асосии кишварҳо маҳсуб меёбад. Ин санади муҳим асосҳои сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, системаи сохторҳои давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолият ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ба низом медарорад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки конститутсияи кишвари мо рȳзи 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи референдум, яъне раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида буд. Дар давоми 28 соли баъди қабули Қонуни Асосӣ вобаста ба воқеаҳои муҳими сиёсӣ, ки дар мамлакатамон ба вуқȳъ пайвастанд, ба он 3 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд: Бори аввал бинобар сабаби ба имзо расидани шартномаи Истиқрори Сулҳ санаи 26-уми сентябри соли 1999, маротибаи дуввум вобаста ба рафти тараққиёти ҷомеа рȳзи 22-июни соли 2003 ва маротибаи сеюм бошад санаи 22-юми майи соли 2017 бо райъпурсии умумихалқӣ ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар ҳар се ҳолат ҳам тағйироту иловаҳо ба конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд. Қабл аз қабули конститутсия лоиҳаи матни он дар матбуоти даврӣ ба чоп расида буд ва муддати тȳлонӣ дар муҳокимаи умумихалқӣ қарор дошт. Ҳамчунин ҳамарȳза ба воситаи садо ва симо шаҳрвандони касбу кори гуногун, фикру ақидаҳои худро дар бораи матн ва мазмуну мундариҷаи он баён карда буданд, ки ҳангоми таҳияи матни ниҳоии он ба инобат гирифта шуда буданд. Ҳамин тариқ, мо гуфта метавонем, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иродаи халқи Тоҷикистон пурра таҷассум ёфтааст.

Хусусияти демократии конститутсияи  мамлакати мо аз тарафи аксари кулли институтҳои ҳуқуқии башарият эътироф гардидааст ва дар байни конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон яке аз конститутсияҳои демократитарин шинохта шудааст.

Давоми солҳои баъди қабули Конститутсия мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-ноябрро бо эҳсоси гарми ватандȳстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз бо шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрȳз ба сȳи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ дониста, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.

Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.

Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мақсад ва вазифаи асосии давлат буда, кафолати амалӣ гардидани онҳо дар Конститутсия муқаррар карда шудааст.

Дар натиҷаи фаъолияти шабонарȳзии Ҳукумати мамлакат, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кутоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.

Фазои орому осоиштаи кишвар, дар навбати худ, барои рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат шароит фароҳам овард.

Чунин шароит ба он мусоидат намуд, ки дар кишвар ҳазорҳо корхонаи хурду миёна ва бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд, барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардид ва сатҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон зина ба зина рȳ ба беҳбудӣ ниҳод.

Дар Конститутсия дарҷ гардидани принсипҳои демократӣ ба мо имкон дод, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мардуми дорои таърих ва забону фарҳанги бостонӣ ва соҳиби анъанаҳои деринаи давлатдорӣ муаррифӣ намоем.

Тағйиру иловаҳое, ки бо дарназардошти таҳаввулоту дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, сохтор, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои ин санади муҳимро такмил дода, барои боз ҳам тавсеа бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкими асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузории кишвар ва ба санадҳои аз ҷониби умум пазируфташуда мутобиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ мусоидат намуданд.

Зимнан, бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои пасошȳравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ  қабул намуд.

Хотиррасон месозам, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани рȳйдодҳои фоҷиабори солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистони мо дағалона поймол гардидани талаботи Конститутсия ва қонунҳои он давра буд.

Аз ин рȳ, Тоҷикистон ба масъалаи риояи дақиқи меъёру муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Бинобар ин, мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем.

Ин санади муҳим, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асоси воқеӣ гузоштааст. Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи мо барои рушду тараққиёти давлату давлатдории навин, муносибатҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон нақши намоён дошта, санади ифодакунандаи орзуву ормони мардуми Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 28 соли арзи вуҷуд доштанаш дар мустаҳкам намудани пояҳои давлату давлатдорӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳм гузошта, обруву нуфузи кишварамонро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ, пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав замина гузоштаву муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меоварад».

Бовар дорам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда низ саъю кȳшиш мекунанд, ки бо заҳмати содиқонаву аҳлона дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, тараққиёти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд гузоранд.

Бори дигар ҳамаи Шумо, ҳамватанони гиромиро ба ифтихори Рȳзи Конститутсия табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо бахту саодат, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон пешравиҳои боз ҳам бештар орзу менамоям.

Рȳзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *