ҚАМЧИБЕК ТАШИЕВ КИСТ? Посухи дипломати тоҷик ба ин суол

Сентябрь 19, 2022 12:36

ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳуҷуми мусаллаҳонаву аҳдшиканонаи неруҳои низомии Қирғизистон давоми чанд рўзи охир, бахусус амалҳои иғвогаронаи роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев бори дигар моро маҷбур кард, ки дар бораи кӣ будани ў ёдовар шавем. Дар зер мақолаи номзади илмҳои сиёсӣ, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон ЗАРИФӢ, ки онро АМИТ «Ховар» аз publizist.ru тарҷума ва 31 марти соли 2021 нашр намуда буд, такроран манзури хонандагон гардонида мешавад.    Бубинед, Қамчибек Ташиев кист:

— 1993 — 1995 — Директори ширкати истеҳсолӣ оид ба хариди маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод;

— 1995 — Директори генералии ширкати истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ;

— 1998 — директори Департаменти соҳибкорӣ ва сармоягузории маъмурияти давлатии вилояти Ҷалолобод;

— 2000 — 2002 — раиси раёсати кооперативи хочагии қишлоқ ва ғайра.

Ҳамрохон ЗАРИФӢ

3 октябри соли 2012 Ташиев ҳангоми гирдиҳамоӣ оид ба милликунонии кони Қумтор мехост аз болои девори Хонаи Ҳукумати Қирғизистон ҷаҳида гузарад. Эътирозгарон бо сарварии Ташиев ва баъзе вакилон мехостанд бинои ҳукуматро забт кунанд. Полис беназмиро қатъ кард. Вакилон бо иттиҳоми кӯшиши ғасби зӯроваронаи ҳокимият маҳкум шуданд. Баъдтар Суди Олӣ эълон кард, ки онҳо муҳлати маҳкумияташонро замони дар тавқифгоҳи тафтишотӣ буданашон адо кардаанд.

Аз тафсилоти шарҳи ҳоли ӯ сарфи назар мекунам — аз ҳамин чанд лаҳзаи дар боло зикршуда ҳама чизро фаҳмидан мумкин аст.

Ҳамин тавр, ин сиёсатмадори шӯрапушт, бар хилофи ҳама қавонини раванди музокирот, назокат ва эҳтиром нисбат ба худ ва аъзои ҳайати давлати дигар, аз ҳуҷумаш ба “Кохи Сафед” илҳом гирифта, қарор дод, ки ин таҷрибаро дар қаламрави давлати дигари соҳибихтиёр озмоиш кунад. Нашавад, ки замини тоҷик гулӯгираш кунад! Замини Ворух санглох аст ва «афроди серҷоғро» -ро дӯст намедорад. Қаламрави Тоҷикистон ва марзи он ин девори «Кохи Сафед» нест, ки ҳамроҳи дӯстони масташ аз болои он гузашта, президенти навбатии қонунан интихобшудаи Қирғизистонро пеш кунад.

Ин шумоед, ки қариб ҳар сол дар Қирғизистон исён мекунед, ин масхарабозиро инқилоб меномед, президенти навбатиро сарнагун мекунед, дар симои ӯ на сарвари кишвар, балки саркардаи дастаи ҷинояткори авули ҳамсояро мебинед ва агар ба вай фурсати гурехтан аз кишвар даст надиҳад, ӯро ба маҳбас меандозед. Пас шабҳо бедорхобӣ мекунед, дар интизори он ки ӯ бо кумаки дигар исёнгарон аз маҳбас раҳо мешавад ва шуморо ба маҳбас меандозад.

Тоҷикистон — давлати соҳибихтиёр аст, марзу буми он мустаҳкам ва дахлнопазиранд. Дар кишвари мо субот таъмин аст, дар он одамони осоишта ва заҳматкаш зиндагӣ мекунанд, мо ҳукумат ва сарвари давлати муодил дорем. Мо ба сарзаминҳои аҷнабӣ даъво надорем ва як ваҷаб замини муқаддаси худро ба касе тақсим карданӣ нестем.

Фикр мекунам, ки ҳайати Тоҷикистон то он замоне, ки қарорҳои дахлдор дар асоси баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва ҳамсоягии нек қабул карда нашаванд, халқи худ ва мардуми дӯсти Қирғизистонро ба изтироб нахоҳад овард. Мутобиқи тамоми асноди таърихӣ, харитаҳои сиёсӣ ва ҷуғрофӣ Ворух  ҳеҷ гоҳ анклав набуд. Як қисми қаламрави вилояти ҳозираи Бодканд аз рӯи қонун (де-юре) қаламрави Тоҷикистон буд ва дар давраи шӯравӣ ҳамчун тақсимоти маъмурӣ ҳисобида мешуд ва ба он ҷо кӯчманчиён ва чорвои онҳоро роҳ медоданд (диққат диҳед — ба чарогоҳҳои тоҷикон!). Минбаъд, баъзе аз ин кӯчманчиён дар заминҳои аҷдодии тоҷикон муқимӣ шуданд, оилаҳо ташкил намуданд, хонаҳо сохтанд ва дар паҳлӯи бародарони тоҷики худ  зиндагии осоишта доштанд.

Масъала сари баргардонидани кадом як заминҳо ба Тоҷикистон нест, бояд чизе, ки қонунан (де-юре) навишта шудааст воқеан ( де-факто) эътироф карда шавад ва воҳидҳои маъмурии дар қаламрави Тоҷикистон ғайриқонунӣ ташкил шуда, барҳам дода шаванд. Зарурате нест, ки ба тоҷикон ба ивази қисмате аз заминҳои дигари тоҷикон заминҳои худи онҳоро пешниҳод кунед! Халқи мо зарбулмасале дорад: «Дузди зӯр соҳиби говро бастааст». Ин усули раванди музокирот нест, ин гуна бархӯрд метавонад танҳо дар ҷамоати дуздон истифода шавад.

Раванди музокироти мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд ба бор овардааст ва аксари одамон суханони Ташиевро ҳамчун таҳқир ва хаёлоти одами ғайрикасбӣ мешуморанд. Фикр мекунам ҳоҷат ба шитобкорӣ ва  саросемавор хулоса баровардан нест. Мо садсолаҳо паҳлӯи ҳам бо қирғизҳо зиндагӣ кардаем ва на як бору ду бор шодию пирӯзиҳо ва талхии шикастро бо ҳам чашидаем. Мо таърихи ҳамзистии муштарак ва неки ҳамсоягӣ, дасти кумакеро, ки дар давраҳои душвор ба якдигар дароз  шудааст, фаромӯш намекунем. Аммо чунин афроди манфӣ натанҳо дар байни  ҳамсоягонамон, балки миёни худи мо низ ҳастанд.

Корҳое, ки солҳои охир дар Қирғизистон таҳти пӯшиши инқилоб ва мубориза барои «адолат» сурат мегиранд — чизе дигаре ба ҷузъ аз фисқу фуҷури ҳокимият ва ё беҳокимиятӣ дар шакли ҳараҷу мараҷи беохир ва ивазкунии роҳбарият намебошанд. Ҳатто дар саисхонаи маъмулӣ субҳидам ҳайвонҳоро ба чарогоҳ меронанд ва шомгоҳон соҳиби бофаросат онҳоро пас мегардонад. Исёнгароне, ки аз номи халқ баромад мекунанд аллакай чандумин президентро аз Қирғизистон меронанд ва ба онҳо иҷозаи бозгаштро намедиҳанд. Охир, вақте ки А. Акаев, К. Бокиев, А. Отамбоев, С. Жээнбеков дар сари қудрат буданд, ашхоси мисли Ташиев дар назди онҳо тамаллуқкорӣ мекарданд ва ҳоло бошад собиқ пешвоён душмани қирғизҳо шудаанд. Магар фурсати он нарасидааст, ки ором шавед ва аз ақли худ кор бигиред? Бо чунин кирдорҳои бади худ, Ташиев ва шахсони ҳавобаланди мисли ӯ кишвари худро ба кӯчаи сарбаста кашидаанд.

Инчунин дар бораи сарпарастии Москва шӯру ҳангомаи зиёд вуҷуд дорад. Мехоҳам ҳангоматалабони саргармро ором кунам.  Россияи имрӯза ин давраи Елтсин — Козирев нест. Дар мисоли танзими мушкилоти Сурия, Ховари Миёна ва ихтилофи кӯҳнаи Қафқоз, низоъи Озарбойҷон ва Арманистон — Россия қудрати пешинаи худро нишон дод. Ва вай ҳамчун иттифоқчии табиии кишварҳои Осиёи Марказӣ, фикр мекунам, ки барои ҳамзистии мусолиматомези кишварҳои ин минтақа ҳама корро мекунад. Ва ифротгароёни рангобаранг бояд инро дар хотир дошта бошанд.

Инчунин мехостам ба ҳамватанони худ хотиррасон намоям, ки — сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ ва нажодӣ дар давраи душвор, мо бояд дар атрофи Ҳукумат ва Сарвари давлат беш аз пеш муттаҳид шавем. Агар касе аз рӯи  ҷоҳталабӣ ё эътиқодоташ дар канор бимонад ва ё худое нахоста, таҳдидҳои хориҷиро барои амалӣ намудани  ниятҳои ғаразноки худ истифода намояд, бо ин амалаш санги гӯри худро пешакӣ метарошад ва то абад ба лаънати халқ гирифтор мешавад.

Албатта, ман мефаҳмам, ки ба генерал — полковник С. Ятимов, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сиёсатмадор ва дипломат, чекисти касбӣ, пешбурди музокирот бо шахси “ғайрикасбӣ», тавре ки Мюллер дар филми «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» мегуфт, то чӣ андоза душвор аст. Комилан аён аст, ки ӯ бори нахуст дар тӯли зиёда аз чиҳил соли хизматаш бо чунин ҳайат рӯ ба рӯ шудааст. Он рӯз дур нест, ки  тавре ки дар филми коргардони машҳури шӯравӣ С.Говорухин «Ҷойи вохӯриро тағйир додан мумкин нест», аз забони ӯ ибораи: «Кӯжпушт! Баро»! садо хоҳад дод.

Фикрҳои худро ман ошкоро баён кардам, ин мавқеи расмии ҳукумат не, мавқеи   шаҳрвандии ман аст. Мехоҳам аз хонандагон барои истифодаи алфози тунд узр пурсам, аммо тавре ки мардуми рус мегӯянд — «касе чи тавре тавр мазоқ кунад, худи ӯ ҳамон тавр мазоқ мешавад». Фикр мекунам, ки Ташиев бо дигар забон маро намефаҳмад.

Манбаъ: https://publizist.ru/blogs/0/39150/?ysclid=l88fl3mtbi811894114

АКС: манбаъҳои боз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *