Душанбе, 12/01/2026-08:44
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ ва зодаи даврони истиқлол буда, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст. Мо имрӯз бо далелҳои мушаххас гуфта метавонем, ки бештари дастовардҳои назарраси кишварамон, албатта бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ дорад.
Дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созандаву пешбарандаи ҷомеа хеле назаррас аст. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд дар ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ пешсаф, ташаббускор ва намунаи ибрат бошад, чун ки мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хизмат ба Ватан аст.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Комиҷроия”, ки аслан кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахшро дар атрофи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид месозад, 125 нафар аъзои ҳизб кору фаъолият менамоянд, аз инҳо 31 зан, 35 нафарашонро ҷавонон ташкил намуда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати ҷумҳуриамон содиқона меҳнат карда истодаанд.
Ташкилоти ҳизбии мо таҳти роҳбарии узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, раиси ноҳияи Вахш муҳтарам Юсупов Қурбоналӣ Қувватович дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, аз ҷумла баррасии мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, Рӯзи ваҳдати миллӣ, истиқболи шоиста аз ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иду ҷашнвораҳои давлатию таърихиву миллӣ, ҳамзамон саҳм гузоштан дар таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” беҳтару хубтар меҳнат намуда, корҳои созандагиву бунёдкориро бештар роҳандозӣ намуда истодаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Вахш оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳо ва нақшаи муштараки корҳои амалӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои идеологӣ аз рӯи усули “Хона ба хона”, “Деҳа ба деҳа” ва “Маҳалла ба маҳалла” бо сокинон вохӯриву мулоқотҳои инфиродӣ ва дастаҷамъона гузаронида, дар рафти он оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, арҷ гузоштан ба Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, тинҷию оромӣ, заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сарҷамъии миллат ва якпорчагии давлат, тарбияи шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон оиди дар қалб ҷой намудани ҳиссу ҳувияти миллӣ, маҳкум намудани хурофотпарастӣ, тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии бегонапарастӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои террористию экстремистӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва омода намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, самаранок истифода намудани заминҳои Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, шудгор ва омода намудани заминҳои кишоварзӣ ба кишти пахта, тозаю озода нигоҳ доштани саҳни кӯчаю маҳаллаҳо, фаро гирифтани наврасону ҷавонон, алалхусус ҷавондухтарон ба илмомӯзӣ, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, иштироки тамоми қишри ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ”Илм-фурӯғи маърифат”, ”Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва ғайраҳо, истифодаи самараноку оқилона ва пардохти саривақтии маблағҳои қувваи барқ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми ҷумҳурӣ ва ба ин васила тақвият бахшидани некуаҳволии мардум ба ҳисоб рафта, дар ин замина бо мақсади коҳиш додани камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ ва зиёдаравӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардидааст, ки дар ин самт низ ҳамарӯза миёни аҳолӣ вохӯрию мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Корҳои созандагию ободонӣ яке аз ҳадафҳои рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир ба ҳисоб меравад, ки бевосита тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, нақшаи чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни пуршукӯҳи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ гардида, ҳатто дурдасттатарин деҳаю маҳаллаҳо ободу зебо гардонида шуда, иншоотҳои гуногунҷабҳа баҳри эҳтиёҷоти мардум сохта ба истифода дода шудаанд.
Дар ноҳияи Вахш низ бо ибтикори созандаи узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, раиси ноҳияи Вахш муҳтарам Юсупов Қурбоналӣ Қувватович омодагии ҷиддӣ ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида шуда, дар ноҳия роҳу пулҳо, иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, корхонаҳои давлатӣ ва иншоотҳои маданию маишӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Мо-ҳизбиёни ноҳия роҳбарияти Олии ҳизбамонро бовар мекунонем, ки барои расидан ба ҳадафҳои давлату ҳукумат ҷидду ҷаҳд менамоем.
Туманшо ШАРИПОВ, узви ХҲДТ

