Шанбе, 10/01/2026-09:22
Бо роҳбарии бевоситаи раиси ноҳияи Вахш соҳаи кишоварзӣ дар муддати шаш соли охир, яъне дар давраи фаъолияти раиси ноҳия ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, ки онро имрӯз қайд накардан аз рӯи адолат нест.
Меҳнаткашон, хусусан кишоварзони ноҳия ҳамаи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сафарҳои кориашон дар вилояти Хатлон, сармашқи ҳаррӯзаи фаъолияти кории худ қарор дода, аз ҳар як ваҷаб замин самараноку оқилона истифода бурда 2-3 ҳосил рӯёниданро ба роҳ монда, бо истифода аз технологияҳои муосири кишоварзӣ натиҷаҳои хуби иқтисодиро ба даст оварданд, ки он дар факту рақамҳои зерин таҷассум гардидааст.
Кишоварзони ноҳияи Вахш дар таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши муҳим мебозад. Аз ҷумла дар соли 2025 картошкаро дар масоҳати 286 га кишт намуда, 5082 тонна 101% ҳосил ба даст овардан, сабзавот 1035 га 40743 тонна 174,8% ҳосил, полезиҳо 1302 га 47135 тонна 118% ҳосил, пахта 2547 га, 23375 тонна 149,6% ҳосил додаанд, ки ин аз он дарак медиҳад, кишоварзони ноҳия дар кори худ содиқанд. Ҳарчанд соли 2025 тағйирёбии иқлим барои кишоварзон мушкилӣ пеш овард, аммо онҳо бо заҳмати софдилонаву ватандустдона ва истифодаи оқилонаи обу замин ҳосили хубе ба бор оварданд. Онҳо бо заҳмати худ на танҳо рӯзии мардумро таъмин мекунанд, балки ояндаи кишварро низ равшан месозанд.
Барои ҷамъбасти соли 2025 истеҳсоли маҳсулотҳои моҳи декабр пурра ворид нашудааст, агар ҳисоботи якмоҳа пурра ворид карда шавад, ин нишондодҳо боз ҳам афзун мегардад.
Шоҳсанам РАҶАБОВА

