05/01/2026-11:24
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар давраи соли 2025-ум, фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати устувор гардани тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ як қатор корҳо ба анҷом расонид.
Бояд қайд кард, ки соли 2025-ум, барои меҳнаткашони ноҳияи Вахш, ҳамчун соли бобарор арзёбӣ гардида, дар ин давра ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем.
АНДОЗ
Дар ин давра вобаста ба ғанӣ гардидани буҷети маҳҳалӣ, иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ чораҳо андешида шуда, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ нақша 104 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 14,7 миллион сомонӣ, ба буҷет 15,3 миллион сомонӣ ворид карда шуд.
Иҷрои нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 63,1 миллион сомонӣ, ба буҷет 64,3 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 1,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Аз тарафи кормандони андоз нисбат ба 243 ҳуқуқвайронкунанда, 320,8 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, аз ин ҳисоб 195,6 ҳазор сомонӣ ё 80 фоиз ба буҷет ворид карда шуд.
МОЛИЯ
Дар 11 моҳи соли 2025 – ум, нақшаи қисми хароҷоти буҷет бо тағийроту иловаҳое, ки ворид карда шуданд, аз 220 миллиону 21,8 ҳазор сомонии пешбинишуда, 195,2 миллион сомонӣ ё 24,7 миллион сомонӣ кам аз худ карда шуда, 88,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
КИШОВАРЗӢ
Вобаста ба амалӣ шудани ҳадафи стратегии мамлакат, аз ҷумла “Таъмини амнияти озуқаворӣ” тадбирҳо кӯшиш ба харҷ дода шуда, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ, дар майдони 24,5 ҳазор гектар, аз он ҷумла, 8,1 ҳазор гектар ё 101,7 фоиз ғалладонагӣ бо ҷуворимакка, 6,3 ҳазор гектар гандум, 325 гектар лубиёгӣ, 412 гектар маккаи дон, 711 гектар ҷав ва дар майдони 341 гектар шолӣ кишт карда шуд.
Ҳамчунин, дар майдони 754 гектар картошка, 1,3 ҳазор гектар полезӣ, 2,3 ҳазор гектар сабзавот, 9,8 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ, аз он ҷумла, 9,5 ҳазор гектар пахта, 259 гектар офтобпараст, 2,2 ҳазор гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт гардид.
КИШТИ ТАКРОРӢ
Дар бахши ҷамъиятӣ ба ҷойи 3,2 ҳазор гектар – 3,7 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки ин 115,6 фоизро таъмин намуда, нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум, 19,6 фоиз зиёд мебошад.
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Дар ин давра, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 68,6 ҳазор тонна ғалладонагӣ 39,1 сентнер аз ҳар як гектар, 15,2 ҳазор тонна картошка 278 сентнерӣ, 128,1 ҳазор тонна сабзавот 392 сентнерӣ, 56,4 ҳазор тонна полезиҳо бо ҳосилнокии 362,1 сентнерӣ аз ҳар як гектар истеҳсол карда шуд.
Дар ин давра истеҳсоли мевагиҳо ба 13,2 ҳазор тонна, нисбати ҳамин давраи соли 2024 1,4 ҳазор тонна зиёд ва ангур ба 10,9 ҳазор тонна расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 ҳазор тонна зиёд мебошад.
ПАХТАКОРӢ
Соли равон пахтакорони ноҳия ба ҷойи 19,8 ҳазор тонна, 23,4 ҳазор тонна ё 118 фоиз нақша пахта истеҳсол намуданд, ки нисбати дурнамо 3,6 ҳазор тонна зиёд аст.
ЧОРВОДОРӢ
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 58,1 ҳазор сар ҳайвони калони шохдор парвариш ёфта, нисбати соли гузашта 3,2 ҳазор сар зиёд мебошад.
Саршумори ҳайвони майда ба 199,6 ҳазор сар расида, нисбати соли 2024 7,5 ҳазор сар зиёд ва саршумори асп ба 2,5 ҳазор сар расидааст, ки бо шумораи соли 2024-ум баробар аст.
Баррагирӣ аз ҳар 100 сар меш 100 сар ва гӯсолагирӣ ба ҳар 100 сар модагов – 74 сарро ташкил дода, дар муқоиса ба соли 2024-ум, баррагирӣ ва гӯсолагирӣ баробар шудааст.
Парранда 155,5 ҳазор сар буда, нисбати соли гузашта 3,3 ҳазор сар зиёд ва харгӯш 15,6 ҳазор сар парвариш ёфта истодааст.
Дар ин давра истеҳсоли гӯшт бо вазни зинда ба 12,9 ҳазор тонна – 1,7 ҳазор тонна ва шир 22,1 ҳазор тонна, нисбати соли гузашта 100 тонна зиёд аст.
Истеҳсоли тухм ба 7,2 миллион дона расонида шуда, нисбати соли гузашта 128,5 ҳазор дона зиёд мебошад.
Истеҳсоли асал 27 тонна ва моҳӣ 24,5 тонна буда, дар муқоиса ба соли 2024-ум, баробар аст.
СОДИРОТ
Дар ин давра содироти молу маҳсулот ба 3,9 ҳазор тонна ё 101 фоиз расонида шуда, нисбати дурнамо 41,1 тонна зиёд мебошад.
САРМОЯГУЗОРӢ
Дар ноҳия 13 адад лоиҳаҳои давлатӣ ба маблағи 34,3 миллион сомонӣ, аз он ҷумла, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар самтҳои такмили идоракунии захираҳои об – ба маблағи 2,9 миллион сомонӣ, рушди иқтисодиёти деҳот – 275,3 ҳазор сомонӣ, обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот 117,8 ҳазор сомонӣ, инкишофи барвақтии кӯдак барои густариши сармояи инсонӣ – 1,8 миллион сомонӣ, навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгиронии иқтисодӣ – 154,9 ҳазор сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
– аз ҷониби “КАССА – 1000”;
-дастгирии ҷомеа – 938,3 ҳазор сомонӣ;
-интиқоли нерӯи барқ – 20,4 миллион сомонӣ;
-аз ҷониби Бонки исломии рушд, Фонди Саудии рушд ва Фонди ОПЕК – 379,3 ҳазор сомонӣ;
-аз ҷониби Бонки исломии рушд барои дастгирии татбиқи стратегияи миллии рушди маориф – 540,9 ҳазор сомонӣ;
– аз ҷониби Бонки Олмонии рушд – барои дастгирии пешбурди таҳсилоти асосии дар дастрасӣ ба иншоотҳои обтаъминкунӣ дар деҳот – 53,4 ҳазор сомонӣ;
– аз ҷониби Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак – 6,3 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
БОРКАШОНӢ ВА МУСОФИРКАШОНӢ
Дар ин давра 2,8 миллион тонна ё 117,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 415 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Мусофиркашонӣ бошад 4 миллион нафар ё 114,2 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 505 ҳазор зиёд мебошад.
ХИЗМАТРАСОНӢ
Дар ин давра ба маблағи 144,3 миллион сомонӣ хизматрасонӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 14,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
НАФАҚА
Дар ин давра дар ноҳия 18,2 ҳазор нафақахӯр дар қайд буда, ҳисоби миёнаи нафақа 490 сомониро ташкил дода, қарздорӣ аз ҳисоби нафақа вуҷуд надорад.
ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ
Дар давраи ҳисоботӣ ба 94 маъюб, аробачаи маъюбӣ, асои дастӣ, асобағал, телефони мобилӣ ва пойафзол кумак карда шуд.
Инчунин, ба 4,1 ҳазор оилаи камбизоат, дар арафаи иду ҷашнҳо 5,6 миллион сомонӣ кумакҳои яквақта расонида шуд.
ҲИФЗИ ТАБИАТ
Соли 2025 дар ноҳия ба ҷойи 25 ҳазор ниҳол, аз он ҷумла, 10 ҳазор дарахти сояафкан, 7,4 ҳазор ҳамешасабз ва 10 ҳазор мевадиҳанда, 27,4 ҳазор ё 110 фоиз шинонида шуд.
САНОАТ
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 312,9 миллион сомонӣ расонида, нисбати соли гузашта 53,5 миллион сомонӣ зиёд ё 120,6 фоизро ташкил дод.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 147,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбати соли гузашта 22,6 миллион сомонӣ зиёд ё 118,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
СОХТМОН
Корҳои сохтмонию васлкунӣ дар ин давра ба 118,8 миллион сомонӣ ё ба маблағи 10,7 миллион сомонӣ зиёд гардида, фондҳои асосии ба кор андохта шуда, 76,1 миллион сомонӣ ва хонаҳои истиқоматӣ 10,4 ҳазор метри мураббаъ ё 109,7 фоизро ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон, дар ноҳия сохтмони 4 бинои 8 – 9 ошёна идома дорад.
Вобаста ба ташкили корхонаҳои саноатию истеҳсоли чораҳо андешида шуда, соли 2025-ум, 7 корхона ва коргоҳҳои саноатию истеҳсолӣ, аз он ҷумла, 3 корхонаи истеҳсоли хишт, 4 корхонаи парвариши мурғ, чорводорӣ ва коркарди пахта ба кор андохта шуда, то ҷамъбасти соли 2025-ум, ҳамчунин 7 корхонае, ки дар самти истеҳсолӣ фаъолият мекунанд бо санади ба истифодадиҳӣ, рӯи кор меоянд.
Бо мақсади ҳали мушкилоти норасогии ҷойи нишаст соли 2025-ум, дар назди 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 19 синфхонаи иловагӣ бо 950 ҷойи нишаст дар ду баст, сохта мавриди истифода қарор гирифт.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, волидон ва аҳли ҷамоатчигӣ дар назди 23 муассисаи таълимӣ сохтмонӣ 144 синфхонаҳои иловагӣ барои 7,2 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст идома доранд.
Инчунин, дар назди 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони 10 синфхона барои марказҳои инкишофи баравақтии кӯдак сохта шуда истодаанд.
Аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат сохтмони як бинои мактаб иборат аз 8 синфхона барои 400 хонанда дар ду баст ва дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон як бинои иборат аз 10 синфхона барои 500 хонанда дар ду баст идома доранд.
Аз тарафи иттиҳодияҳои динӣ, дар назди Боғчаи №1-и маркази ноҳия, аз тарафи оилаи Валиевҳо дар назди мактаб – интернати ноҳия ва аз тарафи соҳибкор Ҳабибов Муҳибулло дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати Машъал сохтмони боғчаи кӯдакона оғоз гардидааст.
Аз тарафи соҳибкор Мурод Файзов сохтмони боғчаи кӯдакона дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ба уҳда гирифта шуда, рӯзҳои наздик оғоз меёбад.
Дар ин давра аз тарафи Лоиҳаи рушди барвақтии кӯдак барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон, бинои асосии маркази саломатӣ ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ сохта ва ботаҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор гирифт.
Инчунин бинои 2 – адад маркази саломатии деҳотӣ таъмири асосӣ карда шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид.
Ҳамзамон, 17 бунгоҳи тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия ва тариқи ҳашар аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, деҳаи Бӯстон, тариқи ҳашар бунгоҳи саломатӣ сохта мавриди истифода қарор гирифт.
БАРҚ
Дар ин давра аҳолии ноҳия ва хоҷагии халқ дар ҳаҷми 92 миллион килловатт соат ба маблағи 32,5 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода кардаанд.
Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда 76,6 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 74,8 фоизро ташкил медиҳад.
БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРӢ
Вобаста ба беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар ин давра аз ҳисоби лоиҳаи “Фарғона” 27 километр шабакаҳои обдиҳӣ тоза карда шуда, 830 метр қубури пойгоҳи Бағара иваз гардиданд.
Инчунин, 36 километр заҳбуру заҳкаш тоза карда шуда, ҳолати мелиоративии беш аз 300 гектар беҳтар ва ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд.
НИГОҲДОРИИ РОҲҲО
Оид ба нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳурӣ 201,6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ба маблағи 141,2 ҳазор сомонӣ дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 60,4 ҳазор сомонӣ дар роҳҳои маҳаллӣ таъмир гузаронида шуд.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ низ 100 ҳазор сомонӣ барои таъмири ҷории роҳҳои ноҳия ҷудо гардидааст.
Дар ин давра саҳми соҳибкорону аҳолӣ дар сохтмони пул ва роҳҳо бештар буда, дар соли 2025-ум, 46,6 километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор 26,7 километр, деҳоти Рӯдакӣ 5,5 километр, Файзи Истиқлол 6,5 километр, Ваҳдат 3,7 километр ва Машъал 4,3 километр роҳҳо сохта шуданд.
Инчунин, дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор 8 ва дар Ҷамоати Ваҳдат 4 дар маҷмӯъ 12 пули мошингузар таъмиру азнавсозӣ карда шуданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба аҳли ҷамоатчигӣ ва соҳибкороне, ки дар корҳои бунёдкориву созандагӣ саҳм гузоштаанд, изҳори минатдорӣ баён мекунам.
МАОРИФ
Дар ноҳия бо фарогирии 821 кӯдак, 8 боғчаи кӯдакона ва 71 маркази инкишофи кӯдак бо фарогии 7,9 ҳазор тарбиятгиранда фаъолият дорад.
Дар ин давра хонандагони ноҳия дар олимпиадаи вилоятӣ, сазовори 22 ҷойҳои ифтихорӣ, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ ва дар олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ сазовори 31 ҷойи ифтихорӣ, гардиданд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 2 нафар иштирок карда, 1 – нафар сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Инчунин, имсол 2 хонандаи Литсейи давлати ноҳия сазовори медали тиллои равияи универсалӣ гардиданд.
Вале мувофиқи шумораи хонандагони ноҳия, ки беш аз 57 ҳазорро дар бар мегиранд, ин дастовардҳо нокифояаанд.
Тавре, Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карданд:
“Аз рӯзи аввали фаъолияташон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, маблағгузории ин соҳаи калидиро мунтазам зиёд менамоянд”.
Ва ҳар сол ҳаҷми умумии ин соҳа беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷетро ташкил мекунад
Барои соли 2026 аз буҷети ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф 14 милиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ сол пеш, яъне соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад
ТАНДУРУСТӢ
Дар соҳаи госпиталии ноҳия 430 кат ва 584 нафар кормандони соҳаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, ки дар давраи ҳисоботӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 16 миллиону 260,3 ҳазор сомонӣ ё 118 фоиз ҷудо гардидааст.
Дар сохтори Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600
-ба 25,4 ҳазор бемор ба маблағи 598,8 ҳазор сомонӣ хизматрасонии музднок;
-ва ба 2,4 ҳазор нафар ба маблағи 61,2 ҳазор сомонӣ хизматрасонии ройгон карда шудааст.
Аз тарафи соҳибкори ватанӣ, Ҳабибов Муҳибулло 1-адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ барои маркази саломатии ҷамоати деҳотти Машъал ворид карда шуд.
Дар ноҳия шумораи занҳои қобили таваллуд 54,7 ҳазор нафар ё 24,7 фоизи аҳолӣ буда, тавассути гашти хонаҳо 4 ҳазор занони ҳомиларо ба қайд гирифта, аз муоинаҳои зарурӣ гузаронида шудаанд.
Дар ин давра аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз 604 иншооти мавҷуда, 204 иншоот мавриди санҷиш қарор гирифта, вобаста ба ҷой доштани кабудиҳо нисбати 180 парвандаҳои маъмурии ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ба маблағи 28, 8 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд.
ФАРҲАНГ
Дар ноҳия 7 ёдгории таърихӣ мавҷуд буда, дар давраи соли 2025-ум, 532 нафар, аз он ҷумла 367 сайёҳи хориҷӣ
ва 165 сайёҳони дохилӣ аз онҳо дидан кардаанд.
Моҳи июли соли 2025-ум, дар Иҷлосияи 47-уми ЮНЕСКО “Дайри Будоии Аҷинатеппа” ба феҳристи мероси ғайри моддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид карданд:
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.
Инчунин, дар ин давра 3,2 миллион нусха китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба аҳолии кишвар, аз ҷумла ноҳияи Вахш ройгон туҳфа карда шуд.
ЗАНОН
Аз тарафи бахши кор бо занон ва оила, дар пешбурди корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз рӯи усули “Хона ба хона” бо 30, 2 ҳазор оила вохӯрда корҳои фардӣ анҷом дода шудааст.
Инчунин, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, гӯруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 61 мулоқоту вохӯрӣ, 2 мизи мудаввар, 4 семинар ва 4 озмун дар мавзӯъҳои мубрами рӯз вобаста ба занон доир карда шуд.
Дар соли 2025 бекор кардани ақди никоҳ 77 ҳолат буда, нисбати соли гузашта 16 ҳолат кам шудааст.
ҶАВОНОН ВАРЗИШ
Вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон беш аз 20 мулоқоту вохӯрӣ бо ҷалби беш аз 2 ҳазор ҷавон баргузор карда шуд.
Ҷиҳати солимии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, дар ноҳия 93 майдончаи варзишӣ, 27 толори варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмааи варзишӣ ва 3 варзишгоҳ фаъолият доранд.
Варзишгарони ноҳия аз мусобиқаҳои вилоятӣ:
-89 медал, аз он ҷумла, 23 тилло, 32 нуқра ва 34 биринҷӣ;
-аз мусобиқаҳои ҷумҳурӣ 40 медал, аз он ҷумла 13 тилло, 16 нуқра ва 11 биринҷӣ ба даст оварданд, ки дар маҷмӯъ 129 медалро ташкил медиҳад.
ДИН ТАНЗИМ
Дар ин давра аз тарафи камисияҳои доимии маҳаллии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим 10 ҳолати қонунвайронкунӣ, аз ҷумла, дар ҷамоатҳои деҳоти 20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон 6 ҳолат, Файзи Истиқлол, Машъал, Рӯдакӣ ва Ваҳдат 1 – ҳолатӣ ба қайд гирифта, аз тарафи суди ноҳия ба онҳо 18 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Дар ин давра аз тарафи раиси ноҳия дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе 1 ҳазору 61 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, вобаста ба дархост, таклиф ва пешниҳодҳои онҳо дар доираи имкониятҳо чораҳои зарурӣ андешида шуд.
Инчунин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз мақомотҳои болоӣ 2,7 ҳазор ва аз ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ 506 адад мактуб ворид гардида, ба 2,6 ҳазор мактубҳо аз ҷониби раис, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ҷавоб гардонида шудаанд.
35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохтмони 150 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 144 ё 96 фоизи иншоотҳо мавриди истифода қарор гирифта, 950 ҷойи корӣ, аз он ҷумла 375 ҷойи кории доимӣ ва 575 ҷойи кории мавсимӣ ташкил гардидааст.
Дар мулоқоти раиси ноҳия бо соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони боз 127 иншоотҳои гуногун ба ӯҳда гирифта шуданд, ки ба нақшаи чорабиниҳо ворид карда шуда, зери назорат қарор дода мешаванд.
Тавре, Пешвои миллат дар Паёмашон оид ба рушди технологияҳои рақами ва зеҳнии сунъи вобаста ба саноатикунонии босуръат таъкид карданд, мо кӯшиш карда истодаем, ки дар ноҳия ташкили корхонаҳои саноатиро бештар ба роҳ монем.
Аз ҷумла, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба кор андохтани Корхонаи истеҳсоли ришта ва мевахушккунӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин самт алакай корҳо оғоз гардидаанд.
Соле ки дар пеш аст, яъне соли 2026 соли таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.
Бо дарназардошти ин, аз 17 декабри соли 2025, №1102 Фармони Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намудани соли 2026-ум, қабул гардид
Бинобар ин моро зарур аст, ки барои татбиқи Фармони мазкур аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳияро рушд диҳем.
Дар ҳар як соҳа нақшаҳои чорабинӣ таҳия намуда, барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ пайваста чораандешӣ намоем.
Боиси хушбахтии мо аст, ки Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои пешрафта дар ҳоли рушд қарор дорад.
Бинобар ин, талаботи ҷомеа ва роҳбарияти давлат моро масъул месозад, ки ҷиҳати боз ҳам суръат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бахусус рушди маҳал ва дар ин замина беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ воситаҳои дохилиро дуруст истифода барем.
Дар соли 2026 фаъолияти худро бояд пурра дигар намуда, оид ба бартараф кардани камбудиву нуқсонҳое, ки дар соли 2025-ум буданд, тадбирҳои мушаххас андешем.
Итминон дорем, ки мову Шумо вакилони халқ, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия дар соли 2026-ум ва солҳои минбаъда барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ самаранок меҳнат намуда, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари вақт таъмин менамоем.

