ХАБАРИ РАСМӢ.

Дар Хоруғ бар асари тарма 8 нафар ба ҳалокат расидаанд
15.02.2023 /АМИТ«Ховар»/.
15 феврал бар асари тармафароӣ дар қаламрави шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 нафар сокинони маҳаллӣ- писар ва духтари чорсола ва чор зан ба ҳалокат расидаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо талоши наҷотдиҳандагон то соати 14:00-и 15 феврал нуҳ нафар сокинони зери тармамонда наҷот дода шуданд.
Дар ин офати табиӣ 22 хонаи истиқоматии сокинон зарар дида, 4 хона пурра ва 18 хона қисман хароб гардидааст.
Ҳолати фавқулода дар роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб боқӣ мемонад. Ин роҳ то ба ин лаҳзаҳо бо сабаби омадани тармаи зиёд дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнон баста мебошад.
Дар шаҳри Хоруғ ситоди доимамалкунандаи шабонарӯзии рафъи ҳолатҳои фавқулода ва пайомадҳои офати табиӣ созмон дода шудааст.
Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат бо сарварии муовини Раиси Кумита Имомалӣ Иброҳимзода барои ҳамоҳангсозӣ ва роҳандозии амалиёти наҷот ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар Бадахшон қарор дорад.
Корҳо барои расонидани ёрии фаврӣ ба хонаводаҳои ҳалокшуда ва зарардида, ҳамчунин ҷараёни бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ зери назорати шахсии Сарвари давлат қарор дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *