ПОКИВУ НАЗОФАТИ ДИЁР

Шанбе, 18/02/2023-10:45 Кормандони ташкилоту муассисаҳо ба ҳашари умуминоҳиявӣ баромада, маркази ноҳия, назди ташкилоту муассисаҳо, роҳҳои аҳамияти маҳалидоштаро тоза намуда, ба корҳои гулшинонӣ, сафедкунии дарахтон, тозакунии муҳити зист ва дигар корҳои ободонӣ машғул шуда, якдилона ҷиҳати зебогардонии Љамоати шаҳраки “Вахш”, Ҷамоатҳои деҳоти “Рӯдакӣ” ва “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”саҳми худро дар покиву назофати умум гузоштанд. Баҳром ОДИНАЕВ

Идомаи хониш ... ПОКИВУ НАЗОФАТИ ДИЁР

ХАБАРИ РАСМӢ.

Дар Хоруғ бар асари тарма 8 нафар ба ҳалокат расидаанд 15.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. 15 феврал бар асари тармафароӣ дар қаламрави шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 нафар сокинони маҳаллӣ- писар ва духтари чорсола ва чор зан ба ҳалокат расидаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Бо…

Идомаи хониш ... ХАБАРИ РАСМӢ.

КОРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

Чоршанбе, 15/02/2023-11:45  Дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” кормандони Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Вахш ва Раёсати Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Гражданӣ дар ноҳияи Вахш ба корҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ба кандани заҳбуру заҳкашҳо машғул буда, то ин муддат зиёда аз 3 км заҳбуру заҳкашҳоро кандаанд ва корҳо дар ин самт идома дорад.                                                                                …

Идомаи хониш ... КОРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо роҳбарони корхонаву муассисаҳо, фаъолон, соҳибкорону кишоварзон

Сешанбе, 14/02/2023-18:35 Дар идомаи сафари корӣ дар маҷмааи “Офтобак”-и ноҳияи Вахш мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони корхонаву муассисаҳо, фаъолон, соҳибкорону кишоварзон ва дигар шахсони масъул  доир шуд. Нахуст, раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар суханронӣ кард. Дар идома раиси ноҳия…

Идомаи хониш ... Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо роҳбарони корхонаву муассисаҳо, фаъолон, соҳибкорону кишоварзон

Боздид аз сохтмони Корхонаи насоҷӣ ҶДММ “Ваҳдат – текстайл – Вахш”

Сешанбе, 14/02/2023-18:20 Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 муайян намуд, ки дар баробари се ҳадафи стратегии мавҷудаи кишвар, ки қариб пурра ба иҷро расиданд, дар оянда баланд бардоштани соҳаи саноат зарур ва муҳим аст. Бо ҳамин мақсад Роҳбари давлат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намуда, тамоюли афзоишу пешравиии тамоми соҳаҳо…

Идомаи хониш ... Боздид аз сохтмони Корхонаи насоҷӣ ҶДММ “Ваҳдат – текстайл – Вахш”

Боздид аз Корхонаи истеҳсолии маҳсулотҳои ширӣ «Нуфузи Вахш»

Сешанбе, 14/02/2023-18:00 Дар идомаи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон аз кохонаи истеҳсолии маҳсулоти ширӣ “Нуфузи Вахш”- и ноҳияи Вахш дидан намуда бо роҳбарият ва кормандони ин коргоҳ суҳбат намуданд. Аз тарафи соҳибкор Саидов Аҳлиддин ба маблағи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, барои 18 нафар ҷойи корӣ ташкил карда шудааст. Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶДММ “Нуфузи Вахш” бо мақсади…

Идомаи хониш ... Боздид аз Корхонаи истеҳсолии маҳсулотҳои ширӣ «Нуфузи Вахш»

Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш

Сешанбе, 14/02/2023-15:08 Дар идомаи сафар, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш шинос шуданд. Мувофиқи «Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон», дар асоси созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федоролии Олмон оиди ҳамкориҳои молиявӣ ва маблағгузории бонки олмонии…

Идомаи хониш ... Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш

САФАРИ КОРИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ВАХШ

Сешанбе, 14/02/2023-15:00 Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносои аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом…

Идомаи хониш ... САФАРИ КОРИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ВАХШ