МУҲТАВОИ  ПАЁМИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Душанбе, 06/02/2023-08:11

Паём ба Маҷлиси Олӣ барои пешрафти давлату миллат саҳми муҳим дошта, бинобар ин масъалаҳои муҳими давлатӣ дар он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо он ироа мешаванд. Паём ба Маҷлиси Олӣ барои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муҳим арзёбӣ шудааст ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.

Мувофиқи қисми ҳафтуми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд”.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, ки соли 2022-ум барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардидааст.

Аз ин рӯ, Роҳбари давлат дар паёмашон таъкид намуданд, ки тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.

Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд.

Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.

Роҳбари давлат ин нишондиҳандаҳоро бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя донистанд.

Ҳамчунин, Президенти кишвар дар паёми навбати худ вобаста ба бунёди корхонаҳои саноати коркард кардани металлҳои қиматбаҳо ва масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса дода, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ сохтани он ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш доданд.

Ҳангоми паёми худ Сарвари давлат ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданад, ки фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусиро, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд, таъмин созанд.

Инчунин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ вобаста ба ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, ки аз соли 2000-ум то соли 2022-юм ҳаҷми солонаи ба истифода супоридани манзил аз 245 ҳазор метри мураббаъ ба зиёда аз 1,5 миллион метри мураббаъ расидааст.

Бо мақсади беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми кишвар танҳо дар 10 соли охир 7,2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардидааст.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо карда дода шудааст.

Бо ин мақсад 139 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, беш аз 9 миллион нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд. Дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад. Баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба нерӯгоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад. Инчунин, корҳои сохтмон дар неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд. Бо ин мақсад дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Лекин роҳбари давлат дар паёмашон дар бораи талафоти техникии барқ низ гуфта гузаштанд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ки дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.

Ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо дар соли 2023 татбиқи 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр), Бохтар – Левакант – Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз мегардад.

Рушди сайёҳӣ яке аз асоситарин манбаҳои даромади кишварҳои ҳаяҷон аст. Ба ин масъала солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд.

Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд.

Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд.

Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда ҷорӣ гардидаст.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ҳоло бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карданд, ки

– аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

Ҳамчунин аз 1-уми июли соли 2023 то 20 фоиз зиёдшавии нафақаро низ гуфтанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10 миллион нафар дар моҳи июли соли 2022 афзоиш ёфтааст, яъне ду баробар зиёд гардидааст.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил медодааст, ки рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Наврасону ҷавонон таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат қарор дошта, ҷавононро нерӯи созандаву ояндаи миллат меноманд, зеро  тақдири халқ, миллат, Ватан дар дасти онҳо мебошад. Агар ба онҳо имрӯз эътибори ҷиддӣ надиҳем, фардо имкони дершудан дорад. Аз ин рӯ, бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.

Барои ҳамин имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» қабул карда шуд. 

Дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад, Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шарҳванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. 

Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.

Бинобар ин, роҳбари давлат Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро уҳдадор намуданд, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Ҷумҷурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иrтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иrтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Бо дарназардошти воқеъияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарурият ба миён омадааст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.

Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.

Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.

Дар ин замина, давлати Тоҷикистон азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад.

Соли 2022 Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд.

Идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, Тоҷикистон саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳад.

Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод. Дар ин раванд, ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад.

Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама мебошад ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунад.

Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул гардид.

Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мардуми Тоҷикистон мебошад, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Паём ба Маҷлиси Олӣ муносибатҳои ҷамъиятиро дар шакли умумӣ дар бар гирифта, мақсади асосии он масъалаҳои муҳими ҷамъиятии дар он муқарраршуда аз ҷониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ва шаҳрвандон ҳал карда шаванд ва давлат дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳамеша муваффақ бошад.

Муминзода Ҳасан Камол,

раиси Суди ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *