Сешанбе, 07/02/2023-10:45
Пазироӣ аз ташаббуси Пешвои миллат “Соли 2025 –ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миллати тоҷик
Дар таърихи 14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Ба ин муносибат Паёми шодбошии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид. Зимни он Сарвари давлат ҳамватанонро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ самимона табрик ва изҳори умед карданд, ки “Бешубҳа, қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад”.
Боиси ифтихор аст, ки дар асоси қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
- 21 март эълон гардидани “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;
- Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;
- “Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилаллӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо”;
- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилаллӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки пиряхҳои Помир ба обшавӣ ба назар расида истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 киллометр дарозӣ дорад, яке аз намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.
Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобаста дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.
Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон намуд.
Боиси ифтихори кулли мо-мардуми Тоҷикистон аст, ки Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари роҳбарони 10 кишвари аъзои СММ узви Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба масъалаи об эътироф гардидааст. Иқдомҳои наҷибу ташаббусҳои созандаи ин марди хирад, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтирому эътибори байналмилалии ӯро, ки аз дурандешӣ ва башардӯстии олии ӯ сарчашма мегирад, нуфузи Тоҷикистон ва минтақаро дар арсаи ҷаҳон боло мебарад.
С. Талбекзода,
корманди дасгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон