Ҷумъа, 27/05/2022-11:30
Вокуниш. Ман ҳамчун бонуи тоҷик, наметавонам ин шайтонсифатро зан гуям, зеро зан ҷинси латифест, ки баҳри сохтану обод кардан офарида шудааст, на барои шӯру ғавғо миёни мардум андохтан. У.Маҳмадшоева имрӯз боиси нафрати ҳазорон бонувони тоҷик гардидааст. Ў бо кирдори хиёнаткоронааш боиси нооромиҳо дар Бадахшон гардида, зомини ҷони даҳҳо ҷавонон гардиданд. Ин бенангу ор манфиати шахсии худро аз манфиатҳои давлату миллат боло гузошта, ба арзишҳои миллию мазҳабӣ ва ватандорӣ хиёнати бузург намуд. Бо ивази як тини пучак нангу номуси бадахшонии худро фурӯхт ва ҳамдасти ҳаммаслокони хиёнатпешааш ва қурбонии ҳавасҳои беохираш гардид.