БОЗИЧАҲОИ ДАСТИ НАҲЗАТИҲО ОШКОР ГАРДИДАНД.

Ҷумъа, 27/05/2022-11:28

ВОКУНИШ: Филми мустанади “Шикасти фитна”, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид, бори дигар пардаро аз руйи наҳзатиҳои дасисабоз бардошт. Дар филми мазкур тамоми ҳиллаю найранг, ватанфурӯшию хиёнат, амалҳои терористиву экстремистӣ, макру фиреб, ваҳшоният ва ҳама он амалҳое, ки аз ҷониби саркардагон ва аъзоёну тарафдорони ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати ислом рух медиҳад, ба пурраги ошкор шудааст. Баъди тамошои филми мазкур тамоми шаҳрвандони кишвар, бахусус мардуми сарбаланди Бадахшон бояд дарк намоянд, ки мақсади ин гурӯҳҳои бо ном “Ватандӯстон” чӣ аст ва то кадом андоза дар фикри тинҷию оромии сарзаминамон мебошанд.

Аслан дар ҷомеаи имруза ҳастанд нафароне, ки лофи ватандорӣ мезананд, аммо ба хотири ба даст овардани фоида, дар байни мардум корҳои тарғиботӣ бурда, аксарият ҷавононро ба роҳи нодуруст тарбия менамоянд ва то ҳадде оварда мерасонанд, ки ҷони даҳҳо ҷавонони дигарро қурбон месозанд. Филми мустанади “Шикасти фитна” бошад, чеҳраи аслии ана ҳамин гуна нафарон ба монанди А. Шерназаров., Х. Холбашов., У. Мамадшоева., М. Мамадбоқиров ва ва чанде аз тарафдоронашонро ифшо намуд.
То ҷое ба ҳамагон маълум гардид, ҳизби наҳзат дигар мардеро барои мубориза бурдан пайдо намекунад ва имрӯзҳо паноҳ ба занҳо бурда истодааст. Хиёнатҳое, ки пай дар пай аз ҷониби наҳзатиҳо ба амал меояд ва ин хиёнаткорон ҳеҷ ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд, онҳоро заиф намуда истодааст. Ин Худобехабарон бо мафкураи заифашон ба майдони дасисаву иғво занҳоро раҳнамоӣ карда истодаанд. Зан модар, офаридгор, тарбиятгар, кони меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва оромишгари ҳаёти инсони аст на иӯвогару дасисабоз.
Хулас тамоми бинандаи солимфикр, бояд андешаи онро кунад, ки имрӯзҳо тинҷию оромӣ, ваҳдату ягонагии ин сарзамини биҳиштосо дарси ибрати ҷаҳониён гаштааст ва барои побарҷо ва устувор ҷилвагар нигоҳ доштани сулҳу суботи ҳамешагиамон ватанамон мубориза барему нагузорем, ки бадхоҳони миллат фазои Тоҷикистони азизамонро ноором созанд.
С. САЛИМОВА-сокини н.Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *