ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД

Ҷумъа, 01/04/2022-10:58

Мавсими даъвати  навбатии баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз шуд.

Ба ин муносибат дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш  бо иштироки муовини аввали раиси ноҳия Салим Абдуалимзода, муовин, собиқадорони мехнат, фаъолони ноҳия ва волидайни даъватшудагон чорабинии гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини аввали раиси ноҳия Салим Абдуалимзода,  суханронӣ намуда, хизмат ба Ватан-модарро қарзи шаҳрвандӣ унвон карда, аз ҷумла  қайд намуданд: «Имрȳз дар қисмҳои ҳарбӣ тамоми шароитҳо барои афсарону сарбозон муҳайё мебошад. Фақат ҷавонони моро зарур аст, ки ба ифодаи Ватану ватандорӣ сарфаҳм рафта, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қарзи шаҳрвандӣ донанд».

Маъракаи сиёсии  номбурдаро ҳунармандони бахши фарҳанг бо суруду таронаҳои ватандȳстӣ ва ҷолиби диққат рангин намуданд. Дар ин лаҳзаҳои хурсандибахш наваскарону волидайн ва гуселкунандагон зери садои мусиқӣ мерақсиданду  якдигарро ба оғȳш гирифта, ба якдигар роҳи сафед ва хизмати некбинона орзу менамуданд.

«Нури маърифат»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *