МУБОРАК, ИДИ НАВРЎЗАТ МУБОРАК!

Чоршанбе, 23/03/2022-14:30

Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Вахш Наврӯзи дилафрӯзро бо тантана таҷлил гардид.

Дар ин ҳамоиш раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, дигар меҳмонон ҳузур доштанд.

Меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ахли заҳмати ноҳия, аз ҷумла, ҷамоатҳо, соҳаи маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, иҷтимоӣ, сохтмону коммуналӣ дидан карданд.

Сипас раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо бо суханҳои табрикии ҳозиринро ба наврӯзи хуҷаста таҳният гуфта, саломатию барори кор орзу намуданд.

Намоиши театрикунонидашудаи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пешкаши меҳмонону сокинони ноҳия гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *