НАВРЎЗ МУБОРАК!

Чоршанбе, 23/03/2022-14: 05

Паёми табрикии раиси Ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, бахшида ба Наврȳзи байналмилалӣ, 23 марти соли 2022

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини арҷманд!

Ба сарзамини куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёнажод – Наврȳзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рȳзу рȳзгори нав фаро расид.

Имрȳз мову Шумо фарорасии Рȳзи муборак, яъне Наврȳзи байналмилалиро дар маркази ноҳия, ки бо дастони пурэъҷозу ганҷофари мурдуми ободгарамон зебову пешрафта гардидааст, истиқбол мегирем.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо – ҳозирини гиромӣ, тамоми мардуми шарафманди ноҳияи Вахш ва кулли ҳамватанонро самимона табрику шодбош мегȳям.

Ҷашни Наврȳз аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллии тоҷикон мебошад, ки дар худ тамоми шукȳҳу азамати таъриху тамаддуни куҳнаи моро таҷассум менамояд.

Ҷавҳар ва ҳикмати Наврȳз ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллӣ, аз қабили эҳсоси гарми муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватанпарастии мардуми мо мебошад.

Мо аз ҷумлаи миллату мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию руҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.

Ҷашни Наврȳз дар тулии асрҳо дар баробари ин, ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамдиёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеи накукориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст.

Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардану гиромӣ шудани Наврȳзи Аҷам, бешубҳа дар ҳамин аст.

Боиси ифтихори мо, мардуми ориёитабор аст, ки соли 2010-ум Маҷмаи умумии Созмони Милали Мутаҳид дар асоси ташаббуси Тоҷикистон, бахусус талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии чандин давлатҳои дигар доир ба ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврȳзи Аҷам қатънома қабул кард.

Дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон, рисолати таърихию фарҳангӣ бар дȳши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бузургмарди посдори оини шуҳратманди ниёгони сарбаланди мо ва соҳибдилони муосири тоҷик вогузор шуд.

Хислатҳои волои ватандȳстию ватанпарастӣ, дарки худшиносӣ ва огоҳ будан аз таъриху фарҳанги миллати куҳан-тамаддуни хеш ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерȳи тозае бахшид, то иқдоми ҷаҳонишавии Наврȳзро ба миён гузорад.

Арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннату ойинҳои неки ин иди ниёгонро ба ҷаҳониён бо мақому манзалати баландаш пешкаш намояд.

Яке аз бахшҳои муҳими сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ ва ба оламиён муаррифӣ кардани Наврȳзи хуҷастапай аст.

Ин тадбир бешубҳа боиси афзоиши ҳисси ифтихору сарфарозии мардуми мо аз таъриху фарҳанги шуҳратманди ниёгон ва тахкими ваҳдату ягонагӣ мегардад.

Хизмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврȳз ва таҷлили густурдаи он назаррас аст.

Маҳз талошҳову тадбирҳои созандаи Сарвари давлат буд, ки Наврȳз дар Тоҷикистон аз сол ба соли дигар бо шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Тибқи андеша ва эътиқодоти аз аҳди Бостон то ба имрȳз расида ва собитгардида, Наврȳз айёми эҳёи табиат, баробаршавии шабу рȳз, пирȳзии нур бар зулмот, гармию нармӣ бар сардию тундӣ, некӣ бар бадӣ, адолат бар разолат аст.

Наврȳз рамзи пирȳзии зебоӣ бар зиштӣ, рамзи покизагии тану ҷон, бахшиши гуноҳҳои ҳамдигар, навозиши ятимон, замони густариши ободию бунёдкорӣ ва оғози корҳои кишоварзӣ аст.

Дар ин айёми баҳорӣ мардуми мо ба тозаву озода намудани хонаву кошонаи худ машғул шуда, гулгашту хиёбон ва боғу майдонҳоро ободу хуррам мегардонанд, либоси нав ба бар менамоянд ва ҳамдигарро бо дилу нияти нек бо фарорасии соли нави аҷдодӣ табрик менамоянд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо талошҳову тадбирҳои созанда ва раҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даҳҳо иншоотҳои таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ ва хизматрасонӣ бунёду мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо истифода аз фурсат ман ба ҳамаи шахсони саховатпеша ва сокинони ватандȳстӣ ноҳия барои ҷонибдории сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат ва саҳмгузорӣ дар ободии ноҳия изҳори сипос менамоям.

Ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ 345 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки 100, 8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 600 ҷойи нави кории доимӣ таъсис дода шуд.

Соли 2021 дар доираи корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори солгарди Истиқлолият дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 64, 4 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба соли 2020 беш аз 8 миллион сомонӣ зиёд аст.

Корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 52 миллион сомонӣ иҷро шуд, ки нисбати соли 2020 наздики 14 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Айни ҳол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 10 миллион доллари америкоӣ амалӣ гардида истодааст.

Боиси хушнудист, ки бо дастгирии давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон дар ноҳия даҳҳо адад иншооти муҳим, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ, мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо ва дигар иншоот бунёд гардид.

Аз ҷумла, дар ноҳия Корхонаи нассоҷӣ барои истеҳсоли ҷуроб бо сарфи   3 миллион сомонӣ бо 400 ҷойи корӣ ва бунгоҳи тиббӣ ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар Коллеҷи аграрӣ ба маблағи 49 миллион сомонӣ, Мактаб-интернат ба маблағи 8 миллион сомонӣ бо 400 ҷойи нишаст ва мактаб дар деҳаи Иттифоқ аз ҳисоби ташкилоти «Эҳёи Сомон» ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ бо 480 ҷойи нишаст дар ду баст идома дорад.

Дар соли таҷлили 30-солагии Истиқлол дар ноҳияи Вахш 55 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 97 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ба маблағи 224 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ таъмир карда шуд.

Аз тарафи соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпешаи ноҳия ба маблағи 5,7 миллион сомонӣ роҳҳо сангфарш, таъмири ҷорӣ ва мумфарш карда шуд.

Инчунин, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 3 адад пул ба маблағи 297 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ ва дар 1 пул аз тарафи соҳибкорон ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ таъмири капиталӣ гузаронида шуд.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни истиқлолият беш аз 25 километр роҳҳо ба маблағи 25 миллион сомонӣ бо дастгирии соҳибкорони ноҳия асфалтпȳш карда шуд.

Дар соли 2021 дар ноҳия 3 муассисаи таълимӣ бо 760 ҷойи нишаст бунёд шуда, сохтмони даҳҳо адад синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.

Аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ 1 беморхонаи деҳотӣ ва аз тарафи соҳибкорон 10 бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд.

Изҳори умед менамоем, ки иншооти сохтаи соҳибкорони мо ҳамеша ободу дар хизмати мурдум бошанд, корхонаҳо ва иншооти истеҳсолӣ ба рȳзгори ҳамватанонамон файзу баракат оранд.

Бояд гуфт, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия 13 адад иншооти муосири варзишӣ ба истифода шуд.

Дастовардҳои сокинони ноҳия, хонандагон ва варзишгарон назаррас буда, соли 2021, 4 – нафар ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурȳғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифтанд.

Дар олимпидаҳои байналмилалӣ 158 нафар иштирок карда, аз ин  38 нафар соҳиби ҷойи якум, 28 нафар ҷойи дуюм ва 21 нафар мақоми сеюмро сазовор гаштанд.

Соли 2021 варзишгарони ноҳия аз мусобиқаҳои вилоятӣ 18 медал тилло ва аз мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ 5 медали тилло ба даст овардаанд.

Дар маҷмȳъ варзишгарон соҳиби 81 медал шуданд.

Ҳамдиёрони азиз!

Яке аз сунатҳои беҳтарини Наврȳз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати маъюбон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст.

Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманди ноҳия ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон дасти мадад дароз мекунанд.

Имрȳзҳо бо ташаббуси чунин шахсони ҳимматбаланд хатнасур ва тȳйҳои арусии дастаҷамъона баргузор шуда истодаанд, ки ин иқдоми наҷиб, албатта, ҳам файзу баракати ҷомеа ва ҳам шукуҳу ҷалоли Наврȳзро бештар мегардонад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бори дигар ба ифтихор таъкид мекунам, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон бо шарофати истиқлолият, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ҷашни бузурги аҷдодиамон – Наврȳз умри дубора касб кард.

Бояд гуфт, ки ба хотири таҷлили Наврȳзи байналмилалӣ сокинони ватанпарвари ноҳияи Вахш низ Наврȳзи байналмилалиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ҷашн мегиранд.

Мо бояд шукрона кунем, ки имрȳз дар фазои озод, дар мамлакати соҳиихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон – Наврȳзро таҷлил менамоем.

Ҳоло мардуми Тоҷикистон ба ифтихори боз як ҷашни муборак ва муқаддаси кишвари озоду соҳибистиқлоламон 35 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегирад.

Барои истиқболи арзандаи он ҳар як фарди бонангу номуси ноҳияро зарур аст, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳар рȳзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардидани хонаву кошона ва маҳалли зисти худро вусъат бахшанд.

Инчунин дар раванди созандагиву ободонии Ватани аҷдодиамон ва то ин санаи таърихӣ ба анҷом расонидани бунёди иншооти ҷашнӣ ва дигар нақшаҳои неки қабулгардида саҳми ватандȳстона гузоранд.

Бо боварӣ гуфта метавонам, ки сокинони ноҳия, ба пешвози 35-солагии Истиқлолият низ беш аз ҳарвақта ҷаҳду талош карда, ноҳияи Вахшро ба диёри сарсабзу обод мубаддал мегардонанд ва беш аз 200 иншооти ба нақша гирифтаро бо сатҳу сифати баланд бунёд месозанд. 

Ҳамдиёрони азиз, бори дигар ҳамаи Шуморо бо фарорарии фасли зебои сол – Баҳор ва ҷашни байналмилалии Наврȳз табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом ва осмони софу хонаи ободро орзумандам.

Наврȳзи байналмилалӣ муборак бошад ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *