МОДАР ХУРШЕДИ ЗИНДАГИСТ

Душанбе, 07/03/2022-7:21

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАХШ ҚУРБОНАЛӢ ЮСУПОВ БАХШИДА БА РЎЗИ МОДАР

Модарону бонувони меҳрубон!

Ба оғози эҳёи табиат – фасли рȳидану рустанҳо рост омадани Рȳзи модар басо рамзӣ, нек ва хуҷаста мебошад.

Чун ки агар баҳор оғози эҳёи табиат бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад.

Аз ин рȳ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дȳст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ȳро ҳамеша пос медорем.

Ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо кулли модарону бонувони ноҳияро ба муносибати ҷашни “Рȳзи модар”, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ – Наврȳз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рȳзгорро орзу менамоям.

Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дȳстдорӣ мебошад. Зеро, ȳ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бо дилсȳзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст.

 Модар ҳамеша мехоҳад, ки фарзандаш солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омȳхта, дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занонро дар ҳаёти давлату ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, иқдомҳои созандаи занону бонувонро доимо дастгирӣ менамоянд.

Ба нерȳи созандаи занону бонувони ватандȳсту ободгари кишвар такя намуда, нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзанд, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд арзёбӣ мекунанд.

Дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2021, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар баҳои баланд дода, саҳми арзандаашонро дар таъмини пешрафти давлат, ободии Ватан ва сулҳу субот махсус таъкид намуданд.

Имрȳз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки тули 30 соли соҳибистиқлолӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд.

Боиси қайд аст, ки саҳми бонувону занон дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат ба ифротгароиву хурофотпарастӣ басо арзишманд мебошад.

Бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва амалӣ намоянд.

Бовар дорем, ки бо қабул ва иҷрои санадҳои мазкур мақоми занону бонувон дар ҷомеаи мо боз ҳам таҳким меёбад.

Баъди ба даст овардани истиқлолият, дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, дар партави сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд гардид.

Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила санадҳои зарурӣ қабул гардида амалӣ мегарданд.

 Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият, мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд.

Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрȳз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқу донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омȳзгори меҳрубон аст.

Агар ба рақамҳо рȳ орем, баръало маълум мегардад, ки занону бонувони ноҳияи Вахш дар қатори мардон бо садоқат ба давлату миллат ва сарзамини аҷдодии худ на танҳо ба тарбияи фарзанд ва кори хона машғуланд, балки дар корҳои роҳбарӣ ва хоҷагидорӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Аз шумораи умумии 212 ҳазору 987 сокини ноҳия,  105 ҳазору 881 нафарашро занону духтарон ташкил дода, аз ин 52 ҳазору 639 нафар занони қобили меҳнат мебошанд.

Шумораи занони роҳбар дар ноҳия 117 нафар аст.

Теъдоди занони роҳбар дар хоҷагиҳо бошад, 1 ҳазору 399 нафарро ташкил медиҳад.

Месазад дар ҷашни “Рȳзи модар” аз фаъолияти пурсамари як гуруҳ модарону бонувони ноҳия ёдовар шавем, ки кору пайкор ва зиндагии онҳо намуна ва шоистаи ибрат аст.

Инҳо, Умринисо Ашурова, Садафмо Тағоева, Инобат Раҷабова, Муслима Ҷалилова, Умеда Маҳмадҷоновна, Бозоргул Раҳимова, Гулбаҳор Ҷалолова, Идигул Раҳмонова, Бозоргул Бобошоева, Хурсаной Донаева, Зулайхо Абдуллоева, Ҳидоят Ширинова ва даҳҳо дигарон мебошанд, ки дар соҳаҳои гуногуни ноҳия кору фаъолияти ибратбахш намуда, соҳиби обрȳ ва эҳтиром дар ҷомеаи имрȳза гардидаанд.

Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору фаъолияти самаранок як гуруҳ занони ноҳия, аз ҷумла Ҳилолмо Қосимзода, Парвина Тешаева ва Зебонисо Нодироваро бо мукофоти давлатӣ, Медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардониданд.

Бибиё Азарабекова аз  шаҳраки Вахш, бо қарори раиси ноҳия “Шаҳрванди фахрии ноҳияи Вахш” дониста шудааст.

  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дастгирии дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба масъалаи дастгирии занони соҳибкор тадбирҳои мушаххас андешида, гранти Президентӣ таъсис дода шудааст.

Занону бонувони фаъоли ноҳияи Вахш ҳамасола аз ин грантҳо истифода намуда, аз ҷумла сокини шаҳраки Вахш Анварбӣ Алиева аз руи лоиҳаи Рушди соҳаи чорводорӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ маблағи грантӣ гирифта, бо татбиқи ин лоиҳа дар пешрафти ноҳия саҳми арзанда гузошта истодаанд.

         Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 “Соли оила” эълон гардида буд.

Ҳадаф аз эълон шудани “Соли оила” баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ, устувор гардонидани мавқеи оила дар ҷомеа, тақвият бахшидани масъулияти волидайн дар самти таълиму тарбияи фарзанд, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муносибати хубу ғамхорона дар хонавода, эҳтироми падару модар ва ҳифзи оила ҳамчун арзиши гаронбаҳои фарҳанги миллиамон мебошад.

Боиси қаноатмандӣ аст, ки модарону бонувон, ҳамчун нерȳи равшанибахши хонадон, мураббии нахустини фарзандон ва нигаҳдорандаи сафои зиндагӣ хеле корҳои шоистаро ба анҷом расонида, ҳамеша барои ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани оила саъю талош мекунанд.

Нақш ва таъсири модарони азиз, дар амри тарбияи фарзандон, хусусан духтарони худ дар рȳҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ, ба роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят кардани онҳо бузург мебошад.

Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти талаботи замон ду қонуни миллӣ, аз ҷумла

 “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  қабул гардид, ки ҳар кадоми он ба паст рафтани шиддати хурофот ва риоя гардидани фарҳангу анъанаҳои мардумӣ мусоидат менамояд.

Амалӣ гардидани ин ќонунҳо пеш аз ҳама аз модарон, ки тарбиятгари фарзанд ва дар маҷмуъ мураббии инсон мебошанд, масъулияти бештарро тақозо мекунад.

Модарону бонувони азиз,

Мо хушбахт ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва давлати навини худро бо дасти худ бунёд мекунем, то ин ки ватани маҳбубамон пайваста обод ва мардумаш хурраму дилшод бошад.      

Мо ба ҳунару истеъдод, кȳшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бовар дорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти ҷомеа ва ободии ноҳияву Ватани маҳбубамон нақши шоистаи худро мегузоранд.

Бовар дорам, ки Шумо модарони меҳрубон минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси занону модарони тоҷик иҷро карда, барои боз ҳам  баланд бардоштани нақшу мақоми бонувону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии ноҳия ва кишвари маҳбубамон саҳми арзанда мегузоред.  

Бори дигар ҳамаи шумо, модарони мȳнису ғамхор, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандȳсти ноҳияи Вахшро ба муносибати Рȳзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дарози бобаракат, рȳзгори осуда, хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоям.

Рȳзи модар муборак, модарону бонувони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *