ҲИФЗИ САРҲАД-ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД

Чоршанбе, 16/02/2022-16:46

«Ватанро дўст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватанию соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррўзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем».

Эмомалӣ Раҳмон

Мафҳуми “Ватан” ва бузургдошти он аз қадим дар анъанаҳои миллиамон мавқеи муҳим дошту дорад. Соҳиби манзилу макон, сарпаноҳ, оила ва фарзандон будан низ ба тарзи хос мафҳуми “Ватан”-ро ифода мекунад.

Мардуми Тоҷикистон солҳои вазнинро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Дар ин муваффақиятҳои бадастомада ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳ басо назаррас аст, зеро Артиши миллӣ кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум ба ҳисоб меравад.

Давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, соҳиби Артиши миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳ шуданаш лозим аст,  дар роҳи ҳифзи истиқлолият, таъмини якпорчагии мамлакат, ҳимояи осоиштагӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум, тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим мебозад.

Ҳифзи Ватан ҳамчун бошарафтарин касбу рисолат эътироф гардида, нуфуз ва эътибори хизматчиёни ҳарбӣ сол аз сол боло меравад. Афроде, ки тақдирашонро бо ҳимояи Ватан пайваст намудаанд, меҳру эътибор, ғамхории Пешвои миллатро пайваста эҳсос мекунанд. Соҳибистиқлолии ҳар як давлат, озодии шаҳрвандони он бояд аз ҷониби Артиши Миллӣ, қувваҳои Мусаллаҳ таъмин ва ҳимоя карда шавад. Миллате, ки ба қадри истиқлолияту озодии хеш намерасад, онро ҳифз карда наметавонад ва ё барои он қудрату тавон надорад, ҳеҷ гоҳ озод буда наметавонад, ȳ маҷбур аст, ки ба ҳар гуна қувваҳои бегона итоат кунаду ба онҳо баъзан сар хам бикунад.

Танҳо давлате, ки истиқлолияту сулҳу субот ва осоиштагии мардумашро таъмин менамояд, рȳ ба тараққӣ мениҳад. Имрȳз мо дар назди худ мақсади бунёди давлати ҳамаҷониба рушдкардаро гузоштаем ва биноан табиист, ки дар навбати аввал ба мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии давлатамон эътибор диҳем.

Қайд кардан зарур аст, ки таҳти раҳнамоӣ ва сарпарастии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолият марҳала ба марҳала дар роҳи созмон додани Артиши миллии амнияту барқарории мамлакат ва дахлнопазирии сарҳадро таъминкунанда, дар ҳалли вазифаҳои тактикиву стратегӣ муваффақ, замонавӣ ва серҳаракат тадбирҳои мушаххас амалӣ гаштанд. Айни замон дар шароити мураккаби сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, вазъияти зудтағйирёбандаи сиёсиву ҳарбӣ, хусусан бо ҳар баҳона  муноқишаҳои назди сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон бо айби сокинони ҳамсоякишвар ва падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризми байналхалқӣ, экстремизми динӣ ва дигар таҳдидҳо водор мекунанд, ки тайёрии ҳарбӣ ва қобилияти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ мунтазам боло бардошта, тадбирҳои судманд баҳри таъмини бехатарии мамлакат, ба ҳифзи марзу буми он мусоидаткунанда  таваҷҷȳҳ зиёд шавад.

Барои ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ хизмат кардан на танҳо ȳхдадории шаҳрвандӣ, балки масъулият ва ифтихор низ мебошад. Хизмати ҳарбӣ барои ҷисман обутоб ёфтан, мустаҳкамии ирода, ҷасорату серҳаракатӣ, ватанпарастӣ, садоқат ба Ватану миллат ва дигар хислатҳои нек мусоидат мекунад. Артиш мактаби ҳақиқии ҳаёт аст.

Боиси хушнудист, ки дар даврони Истиқлолият дар сафи Артиши миллӣ фарзандони босаводу соҳибмаърифат ва меҳанпараст хеле зиёд шуда истодаанд. Маҳз, онҳо боиси оромиву осиштагии ҳаёт, мусаффо ва беолоиш будани осмони кишварамон гаштаанд. Ҷавонмарде, ки барои иҷро намудани ȳҳдадории ҳарбӣ даъват мегардад, бояд эҳсос кунад, ки ȳ Ватани ҷоноҷони худ, падару модари азизаш, бародару хоҳари мȳнису мушфиқаш ва оилаашро ҳифз мекунад. Ҳангоми ба хизмати ҳарбӣ шурȳъ кардан ȳ қасам ёд карда, либоси ҳарбӣ ба бар, ба тартибу низом ва қонуну қоидаҳои муайян итоат мекунад, бо шараф ва ғурур масъулияти ҳарбиро ба сомон мерасонад.

Вақте, ки сухан дар бораи ҳифзи Ватан меравад, беихтиёр корномаи Шераку Спитамен, Абȳмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва дигар қаҳрамонон ба ёдамон мерасанд. Темурмалик Ватанро чӣ гуна дȳст медошт, меҳри ȳ нисбат ба меҳан чӣ гуна буд?! Ȳ чӣ қадар барои ҳимояи Ватан ранҷу заҳмат кашид, барои аз хоки Ватан несту нобуд кардани душман бо шариконаш ҷонбозиҳо кард, барои сарпаст намудани душман хуни гарми хештанро дареғ надошт. Дар муҳорибаҳо ба душман рȳ ба рȳ истода, муқовимат нишон дод, охирин қатраи хунашро барои озодии Ватан нисор кард. Эҳсоси ин корнамоиҳо, донистани роҳи пуршарафи аҷдоди қаҳрамонамон, ҷасорату садоқати онҳо нисбат ба Ватан боис мегарданд, ки дар қалби ҳар як ҷавонмарди тоҷик муҳаббат нисбат ба Меҳан, ҳимояи марзу буми кишвар аз хуруҷи қувваҳои беруна ба маротиб боло равад.

Ин муноқишаи иғвоангезонае, ки бо айби шаҳрвандони ҳамсоя кишвар ба амал меояд, мо сокинон бетараф гузошта наметавонад. Моро зарур аст, ки ҳамеша баҳри хифзи Ватан-модар омода бошем. Нагузорем, ки нокасу нохалафе бо чашми бад ба сӯйи миллату давлати мо бингарад. Мо-тоҷикон рȳзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштем ва имрȳз ба нерȳи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт.  Барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз содиқона хидмат намуда, сарҳади хешро аз бадхоҳону нотавонбинон ҳифз менамоем. Зеро ҳифзи сарҳад вазифаи ҷонии ҳар як ҷавонмард аст. Пас, биёед ҷавонони азиз, барои ҳимояи марзу буми хеш омода бошем, лозим шавад ҷон сипарем.

Саъдӣ, сокини н. Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *