ҲАМА ДОДИ ВАТАНХОҲӢ ЗАНАНД, АММО…

Ҷумъа: 16:59,  11-02-2022

Ё ҷавоб ба Мамадбоқир Мамадбоқиров

«Ҳар гоҳ мусулмоне  ба  муқобили  бародараш  силоҳ барорад: фариштаҳои  Худованд ба ȳ лаънат  мехонад».

(ҳадис)

Солҳои охир тариқи садо симо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди воқеаҳое мешавем, ки  ҳам  аз  назари  шариат  ва  ҳам  аз назари ақли  солим  қобили  қабул нест. Дирȳз тариқи шабакаи иҷтимоӣ Мамадбоқир Мамадбоқировро тамошо карда, ҳамчун як сокини кишвар худро бетараф гузошта натавонистам. Чунки лофи бисёру заду худро «Ватандȳст» муаррифӣ вале, аз ватандȳстӣ заррае бȳй набурдааст.

Мамадбоқир Мамадбоқиров худро дар назди ҳамагон сафед карда мегȳяд: «Ман гуноҳ надорам». Пас бегуноҳ бошӣ, он ҳама зулму ситам нисбати сардори Раёсати маориф баҳри чист? Чаро даст ба шиканҷа ва азобу уқубати ашхоси бегунаҳ мезанӣ?

Бо дурȳғу сафсатаҳои хеш мардумро  фирефта месозӣ? Кӣ ба ту барин ҷинояткор боварӣ дошта бошад?

Дар  ҳадиси  қудсӣ  меояд: «Эй бандагонам! Ҳамоно ман  зулмро  бар  худ  ҳаром кардам ва  онро  дар  банни шумо ҳаром гардонидаам, пас  ба ҳамдигар  зулму ситам накунед. (Саҳеҳи  Мусулмон 8\ 10 )

Аз ояти  овардашуда  бармеояд, ки  Худои бузург ҳаргиз зулму ситамро амр накардааст. Ҷабри ситам, талаву тороҷи  моли  мардум, ғулом  кардани  фарзанди  одамизод дар пешгоҳи  Парвардигор  ҳаром  аст. Кас наметавонад  бовар  кунад, ки  ин  ҳама ноадолатиҳо аз  рȳи  Қуръону сунат бошад. Қуръони карим шахсро ба раҳму шафқат, меҳрубонӣ, сабр ва  бурдборӣ, авф ва  бахшиш, садоқат, ростӣ  ва  дигар  ҳислатҳои  ҳамидаи  инсони  ташвиқ  намуда, касро ба роҳи рост ҳидоят менамояд.

Зулму бедодгариҳои Мамадбоқир Мамадбоқиров шояд охир надошта бошад, мо инро муште аз хирман номида, онро баррасӣ  месозем, то   мардуми шарифи Бадахшон он торикие, ки  пеши чашми ин золимро пȳшонда, бо кирдорҳои бади хеш, амалҳои номатлуб, зулму бедодгариашро маҳкум  намуда,  бо  зиддияти том иброз менамоем, ки дар назди қонун ҷавоб гȳяд.

З-ин рȳ мебояд даст ба дасти ҳам диҳем, то Ватанро обод созем. Фирефтаи суханҳои ҷинояткор нагардида, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

Имрȳз лаҳзае бояд ҳар ҷинояткор бояд дар назди қонун ҷавоб гȳяд. Агар ватандȳсти асил бошад, бояд мардонавор ҷазо гирад.

Ба қавли Лоҳутӣ:

Ҳама доди ватанхоҳӣ занад, аммо…

Орифи ҚУРБОНАЛӢ, сокини ноҳияи Вахш

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *