САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Душанбе, 15/02/2021-11:18

Имрўз бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ҷиҳати расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиди сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, инчунин ҷиҳати муҳофизат аз бемории Ковид-19 мулоқоту вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Бешбулоқ-и Ҷамоати деҳоти “Машъал” баргузор гардид.

Масъулин зимни мулоқот ба сокинон таъкид намуданд, ки сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ дар вазъияти имсола ягона тадбир аст, ки моро метавонад аз буҳрон раҳоӣ бахшад.

Тамоми мушкилот осон мегардад, ки агар мову Шумо аз барқ сарфакорона истифода барем ва маблағи истифобурдашудаи барқро сари вақт пардохт намоем.

Дар фарҷоми чорабини бошад масъулин ба сокинони деҳаи болозикргардида варакаҳои иттилоотӣи  ҷиҳати коидахои муҳофизат аз бемории ковид-19 ва муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро тақсимот намуданд.

     Њамзамон дар доираи Аксияи њизбї «Якљоя месозем» дар дењаи мазкур бо љалби сокинон 8-синфхонаи иловагї бо тариќи њашар сохта ба истифода дода мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *