НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Душанбе, 15/02/2021-17:29

15-уми феврали соли 2021 нишасти матбуотии раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Қабл аз оғози нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бо ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш оид ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2020 шинос гардиданд.

Ободонӣ ва кабудизоркунӣ аз ҷумлаи корҳои рӯзмарра буда, дар соли сипаришуда дар майдон гулҳои мавсимии ҳархела ва дарахтони ҳамешасабз шинонда шуд. 

Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов нишастро оғоз намуда, ба суолҳои рӯзноманигорон оид ба таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати тозагии ҷӯйҳои обгузари маркази ноҳия, тамбашавии нақлиётҳо дар кӯчаҳои марказӣ,  рушди соҳаи саноат ва шуғли мардум, тавсеи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар суолҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дода, изҳор дошт, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия камбудиҳои ҳалталаб низ зиёданд ва мо бояд  якҷоя дар ҳамбастагию ҳамкорӣ онҳоро бартараф намоем. Манфиати Ватанро боло аз ҳама гузошта, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилонаю садоқатмандона кор кунем. Худованд ба мо беҳтарин сарзаминро додааст ва ободу шукуфон намудани он қарзи виҷдонию имонии ҳар як нафари мо мебошад.  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *