ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

Душанбе, 15/02/2021-11:15

Бо мақсади расонидани муҳтавои Паём бар сокинон ҳамрӯза миёни сокинон ва аъзоёни ҲХДТ суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардонида мешавад.

Мулоқоту вохӯрии навбатии гуруҳи кори аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноњия, оид ба расонидани муҳтавои Паём ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” миёни сокинони ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳ. Шерозии ноҳия баргузор гардид.

Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки ҳар яки моро зарур аст, ки барои татбиқи Паём, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ заминагузор буда, дар самти бунёдкорию созандагӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни пурифтихори миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузорӣ намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *