М. Садриддин даҳони ифлосашро аз дурӯғ пур карда, лоф мезанад.

Чоршанбе, 23/12/2020-9:19
Сомонаи террористии «Ислоҳнет» навори навбатии шӯрангези дурӯғу тӯҳмат ва иғвогаронаи худро бо ном «Ислоҳ барқдуздии 11 миллион $ – ро дар н. Рӯдакӣ кашф кард» нашр намуд. Аз аввали навор ин кашфиёти ҳарзагӯёнаро бубинед, ки аз гузориши «Радиои Озодӣ» нисбати шаҳрванди Тоҷикистон «Виктор Канатов» мепардозад, ки ҳисобкунаки барқиаш аз кор баромадааст ва ҷармабандӣ шудааст. Пас ин гӯё «кашфи дуздӣ» аз они Ислоҳ бошад ва ё Озодӣ?!
Қаҳрамони тӯҳматшудаи «Ислоҳтв» ин дафъа раиси шӯъбаи ширкати «Барқи Тоҷик» дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон Умаров Хуршед гаштааст. Аз дурӯғҳо ва аз Худо ношармида тӯҳмат кардани муаллифи ин навори видеоӣ Муҳаммадиқболи Садриддин инсон ангушти ҳайрат мегазад. Аслан «Ислоҳнет» дид, ки мақомоти кишвар нисбати барқдуздон дар ширкати «Барқи Тоҷик» кушишу ғайрат дорад ва муқовимат бар зидди ҷинояткориҳо дар соҳаи энергетика карда истодааст «Ислоҳнет» худро дар ин замина «реклама» карда истодааст. Аммо барои намоиши чеҳраи гӯё мубориз бо ҷиноят «Ислоҳнет» танҳо тӯҳматкорӣ карда истодааст. Агар Умаров Хуршед аз роҳи тиҷорат ва савдогарӣ берун аз вазифаи дар дӯшаш буда сарвату мол ба даст оварда бошад аз ғайюрӣ ва бахилӣ М.Садриддин ин навори тӯҳматангезро таҳия ва нашр намуда истодааст. Ширкатҳо ва корхонаҳои дар ноҳияи Рӯдакӣ буда ба раиси шӯъбаи барқи ноҳияи Рӯдакӣ пора медода бошанд ва гӯё яке аз раисони корхона 207 ҳазор сомонӣ барои Умаров Хуршед пора додааст. Охир ин чи гуна таҳқиқот аст, кадом корхона ва кадом раиси корхона будааст, ки ба Умаров Хуршед пора додааст. Куллан маълум нест, ки М.Садриддин даҳони ифлосашро пур карда мегӯяд, ки бо далели мувассақ инро гуфта истодааст. Ягон аризаи шикиоятӣ, ному насаб ва ё номи корхона, сабти овоз ва ё навори видеоӣ ин аст далели мувассақ. Аммо як лофзанӣ ва фантазияи иғвогарона ва дурӯғгӯёна Муҳаммадиқболи Садриддин наметавонад далели мувассақ бошад. Ягон корхона ва фабрикаҳо ҳоҷат ба доля додан надоранд. Қувваи барқро сари вақт ба хазинаи бонк мусупоранд. Аммо ин гуфтаҳои муаллифи навор, ки ҳама доля медиҳанд дурӯғ ва тӯҳматгарӣ аст.
Дар Тоҷикистон тӯли чанд солҳои охир аслан «лимит»-и қувваи барқ надоранд. Ҳама сокинони Тоҷикистон куллан бо қувваи барқ таъмин ҳастанд. Аз як таъмиркунии хати барқ дар минтақаҳои гуногуг Иқбол бо супориши хоҷагонаш ҳангома месозад.
Гуногунии маълумот ва мухолифати ин ҳарзагӯиҳои М.Садриддин дурӯғ будани мазмуну мӯҳтавои ин наворашро ошкор месозад. Аслан чунин наворҳоро М.Садриддин барои бадном кардани давлату миллат ва сиёҳ кардани намояндагони ҳукумат ва мақомот қаллобӣ карда месозад. Барои мо мадуми кишвар ин наворҳои «Ислоҳнет» ягон арзише надорад ва ба он бовар ҳам намекунем. Зеро ҳама дурӯғ ва тӯҳмат аст.
узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, Нусратулло Зарипов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *