ВОҚЕАҲОИ ҶАҲОН ДАРСИ ИБРАТАНД

Сешанбе, 22/12/2020-15:48

Вазъи  имрӯзаи ҷаҳон, ки  пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу  зиддиятҳост,  зуд тағйирёбанда ва пешгўинашаванда аст. Шахсони бадхоҳ,  гурӯҳҳои хусусияти террористию экстремистидошта,  мехоҳанд аз ҳар як рӯйдоду воқеа, аз ҳар як  чорабиниҳои давлатию сиёсӣ ва ҳатто аз ҳар фоҷеаҳои табиӣ  истифода намуда, мақсаду ҳадафҳои нопокашонро амалӣ гардонанд. Баҳри пиёда сохтани ҳадафҳои  ғаразнок аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карданӣ шуда, бо ҳар роҳу васила  сари давлату миллат буҳтонҳо мезананд. Яке аз усулҳои маъмули амалигардонии ҳадафу мақсадҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ташкил намудани гирдиҳамоиҳои хусусияти  эктремистидошта мебошад, ки боиси  зарарҳои калони иқтисодию  иҷтимоӣ ва ҳатто талафоти ҷонии сокинони осоишта мегардад. Ҳодисаҳои рӯйдода дар манотиқи кишварҳо бозгӯи ин гуфтаҳост. Махсусан он гирдиҳамоиҳое, ки баъд аз баргузории Интихоботи Президентӣ дар  Ҷумҳурии Белорусия рух дод, боиси зарарҳои иқтисодӣ ва талафоти ҷонии чандин нафарон гардид. Бадхоҳон, ватанфурӯшони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ имрӯзҳо бо ҳар роҳу васила бо ҷустани камбудию танқиду бадкуниҳои бофтаашон мехоҳанд, дар кишвар нооромиро сар зананд ва бар ин васила мақсадҳои нопок ва ё  супоришҳои хоҷагонашонро амалӣ гардонанд. Махсусан  дар  шакабакаҳои  интернетӣ ташкили  барномаҳо аз ҷониби хоинони ватан зиёд ба назар мерасад ва паси ин барномаҳо ҳадафҳои нопок меистанд. Баъзе аз ин бадхоҳон ба монанди роҳбари  ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ  Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Мирзо  Салимпур, Шарофиддин Гадоев ва якчанд нафароне, ки бо пахши маводҳои муғризона ва истифода аз дини мубини Ислом  мехоҳанд  эътибор пайдо намоянд ва худро ҳомию ғамхор нишон диҳанд, аммо набояд мардуми озоду сарбаланди Тоҷикистони азиз фаромӯш созанд, ки ҳеҷ як нафар бе манфиат бо сарфаи вақт барои мо маводҳо ё барномаҳо пешниҳод наменамояд. Сарравал хоинон бо пахши барномаҳо дар шабакаҳои интернетӣ аз шумораи тамошои мавод  маблағ ба даст оварда, ба хоҷагони худ бар ивази устухони гирифтаашон хизмат менамоянд.

Даъватҳое, ки имрӯз аз ҷониби ватанфурӯшону душманони миллат ҷиҳати ноором сохтани ватани азизамон карда мешавад, танҳо ба як хотир аст, соҳиб шудан бар ҳокимият ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои хоҷагонашон мебошад. Бинобар ин, ҷавонони саодатманди диёри азизамонро месазад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ваъдаву даъвоҳои гумроҳони ватанфурӯш  дода нашаванд ва барои ҳимояи Модар-Ватан ва ин хоки аҷдодӣ ҳамеша талош намоянд. Махсусан  муҳоҷирони меҳнатие, ки берун аз ватан кору фаъолият менамоянд, бар гуфтаҳои ин иблиссиратон дода нашаванд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллат  дар ватан пойдор бошад, мо ҳама мушкилиҳоро паси сар менамоем ва зиндагии арзандаро соҳиб мегардем. 

 Худойдод Ёров,

мудири шуъбаи кор бо ҷавонони

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *