ВОКУНИШ АЛАЙҲИ БАРОМАДИ ТЕРРОРИСТИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ МУҲИДДИН КАБИРӢ, КИ ДАР ДОНИШГОҲИ ВАШИНГТОН ИРСОЛ КАРДААСТ

Ҷумъа, 25/09/2020-23:40
Ту, Кабирии оқиватану оқимиллат дар куҷо баромад мекунӣ, чи мегӯйӣ, барои миллати тоҷик ҳамон мақол, ки “Саг меҷакаду раҳакӣ ба роҳаш меравад” барин аст. Ту, дониста бош, ки кайҳо дар ёди ин миллат мурдаӣ. Дурусттараш шоир Сафармуҳаммади Аюбӣ гӯё маҳз барои ту гуфта бошад:

Марг он набувад, ки гӯру чӯбат кунанд,

Раҳгум задан дар зиндагонӣ марг аст.

Дар баромадат 8 сол пешро ба соли 2020 дар муқоиса бе ақли куронаат таҳлил карда, пешрафти Тоҷикистон-Ватани мо тоҷиконро дар сатҳи паст қарор додаед. Ман мегӯям, ки г…ра ба ҷуволҳои қалуӯӣ хурдаӣ!

Ту палиди гузаро, наход тавассути барномаҳои телевизионӣ, ки мо барои кулли намоиш медиҳем, пешрафт ва ободонии Тоҷикистони моро (воқеан Тоҷикистон аз тую ту барин палидҳои ватанфурӯш нест) набирӣ. Медонам, ки мебинӣ. Мебинӣ, ки мо чи қадар роҳҳои дар сатҳи байналмиллалӣ ва купрукҳои боаззамат сохтем. Тую ту барин хиёнатпешаҳои ин миллат (дар гумон аст, ки аз ин миллат бошед) бовар надоштед, ки тоҷикон по Пешвои муаззамашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кохи нури Роғунро гардон мекунанд. Мо тоҷикон аз уҳдаи ин мушкили сангин таҳти роҳбарии Пешвои азизамон муҳтарам Эмомалӣ ба хубӣ баромада тавонистем, ки ба ҷуз ту ва ту баринҳо тамоми олам огоҳӣ ёфтанд. Анқариб 3 сол мешавад, ки мо тоҷикон аз бумбаст ва мушкилоти барқ халос шудаем. Ҳоло ба ту кури худу бинои бегонагон мегӯям, ки дар сар то сари кишвари азизамон Тоҷикистон раванди саноатикунонӣ бараъло ба чашм мерасад, ки мо тавассути шабакаҳои телевизионӣ ҳар шабу рӯз нишон медиҳем. Афсус, ки ту курақл дидан намехоҳӣ, чунки ту палид воқеан таз миллати мо нестӣ. Пайваста сиёҳ мекунед, фаҳш мегӯед.

“Эй нархар”! Ин ибораи Аҳмади Дониш аст, ки як шаби хунуки Россия ба фойтунчии рӯс гуфта буд. бори дигар мегӯям, ки эй нархари ҳарду рӯят сиёҳ, акнун бубин, ки президенти Шӯрои аврупо Доналд Туск чи навиштааст: “ Воқеан мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки мардуми бисёре аз кишварҳои сайёра доштани чунин сарварро мисли Эмомалӣ Раҳмон орзу мекунанд”. Ту русиёҳи миллат бидон, ки мо тоҷикон дар тули 29 соли сарварии он кас кишвари азизамонро бо суръати кайҳонӣ обод кардем. На танҳо шаҳрҳоямон, балки талу тепаҳоямон, куҳҳоямон обод шудаанд. Гаштори сайёҳони хориҷиро дар чор гӯшаю канори мамлакатамон аз намоишҳои телевизионӣ албатта мебинӣ, рама-рама намудҳои бузҳои нодири кӯҳиро мебинӣ, ҳазорҳо тонна интиқоли меваҳои шаҳдбори тару хушки ватани моро мебинӣ, ки ба кишварҳои хориҷ интиқол медиҳем. Ноҳияҳои дар байни кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикобод, Нуробод, Дарвоз, Ванҷ ва ноҳияҳои вилояти Бадахшонро мебинӣ. Онҳо шаҳракҳои афсонавианд. Диди қудрати дасти тоҷики соҳибватанро!

Акнун, ту иблиси рӯсиёҳ бидон, ки мо ин ватанро, ки ту ба хоку хун кашиданӣ будӣ, таҳти роҳбарии Президентамон муҳтарам эмомалӣ раҳмон ва дониста бош, ки аз баракати роҳбарии он кас чунон обод кардаем, ки бегонагон ангушти ҳайрат мегазанд. Бидон, ки кулли мардуми Тоҷикистон барои ин кишвар ҷонашонро лозим шавад, дареғ намедоранд.

Ту, шайтони палид мардуми Тоҷикистонро хору зор ва қашшоқу бенаво хондаӣ, ки сад номаъқул кардаӣ. Имрӯз дар хонаи камбағалтарин сокини Тоҷикистон меҳмон шавӣ, болои дастархонаш аз сӣ сол пеш зиндагӣ мекардагиамон серу пур аст. Дигар ин, ки дар кадом мамлакати дунё камбағалу камбизоат нест?! Гуфта метавонӣ!

Поёни қисми 1-ум

Манбаъ: Рӯзномаи “Хатлон”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *