Радия ба хабари бардурӯғи Радиои Озодӣ

Панҷшанбе, 24/09/2020-13:22

Санаи 22 сентябри соли равон  дар сомонаи интернетии  Радиои Озодӣ дар бораи рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-Солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар арафаи  ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Вахш  хабари бардурӯғ ва беасос ба нашр расонида шуд. Дар хабари паҳнгардида гуё намояндаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз сокинон ба маблағи 20 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда бошанд, ки дар рафти суҳбату пурсишҳои доиргардида бо шаҳрвандони дар хабари болозикр ёдоваршуда ва аҳолии деҳаҳо аён гардид, ки хабари пахшгардида бар пояи  тасавуроти муғризонаву ботили хабарнигорони сомонаи Радиои Озодӣ таҳия ва пахш гардидааст. Ба маълумоти хабарнигорони Радиои Озодӣ мерасонем, ки  дар ноҳияи Вахш  ҳама коргоҳу дуконҳо аз ҷониби соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ бунёд гардида, фоидаву зарари онро худи соҳибкорон мебинанд. Бинобарин барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ҷиҳати вусъат додани корҳои ободониву бунёдкорӣ ягон зарурати аз аҳолӣ ҷамъоварӣ намудани маблағ ҷой надорад. Дар ноҳияи Вахш ҳамаи корҳои сабзу хуррамгардонии  кғчаву маҳаллаҳо аз ҷониби муассисаҳои марбута ва бо ҳашари дастаҷамъона бо маблағгузорӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ карда мешавад. Бинобарин хабари паҳннамудаи сомонаи Радиои  Озодӣ асоси воқеъи надошта, бардурӯғ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *