Month: June 2020
Ваҳдати милли-эҳёи Точикистон
Чоршанбе, 24/06/2020-18:49 Ваҳдати миллӣ –Эҳёи Тоҷикистон! Шунидани ин калима барои ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандўст хело мафҳуми баланд дараду гуворро садо медиҳад. Дар ҳамаи давру замон ҳар як халку миллат хоҳони онанд, ки дар давлати онҳо сулҳу Ваҳдат ва осоиштагӣ ҳукумрон бошанд. Ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолӣ, соҳиби давлати худ будан имкон фароҳам меоварад, ки дар давоми 28 соли истиқлолияти вақеӣ давлати…
ИНЪИКОСИ ЧЕХРАИ АСЛИИ ХИЁНАТКОРОН ДАР ФИЛМИ «ХИЁНАТ»
Чоршанбе, 24/06/2020-18:47 Воқеан, ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ аз солҳои 70-уми асри гузашта, дар заминаи арзишҳои динӣ ташаккул ёфта, баъдан ба хотири иқтидору ба сиёсат расидан тамоми имкониятҳои зеҳнию равонӣ ва ҷисмонию ҳарбиро рӯи даст гирифта, барои расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон аз тамоми роҳу воситаҳо истифода бурданд. Ин ташкилоти террористӣ дар аввали солҳои соҳибистиклоли бо назардошти эътиқоди динии мардум, ҳазорҳо ҳамватани…
ВАҲДАТИ МИЛЛИ ПОЯИ СУЛҲ АСТ
Чоршанбе, 24/06/2020-18:45 Шоҳсутуни бахти миллат сулҳу Ваҳдат будааст, Шуҳрату шон, тахти миллат сулҳу Ваҳдат будааст. Дар айёми омодаги ба таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдоваршудан зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони ояндасози мо, аз он ифтихор намоянд, сабаҳ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии…
РАЗОЛАТ БЕМОРИИ ХОСИ ОДАМОНИ НОЧИЗ АСТ
Чоршанбе, 24/06/2020 – 16:02 Иқрор мешавам, ки дер боз чунин филми ҳуҷҷатиро, ки дар он солҳои фоҷеабор ватани манро ба ҷанги бародаркӯше, ки наздики панҷ сол идома ёфт ва боиси марги беш аз 150 ҳазор бародарону хоҳарон гардид, надидаам. Дар филм бо далелҳои мушаххас муайян карда шудааст, ки нақши Ташкилоти террористию экстримистии ҳизби наҳзати ислом, ки фаъолияти он дар…
ВАҲДАТ-ЭЪТИҚОД БА ХУДО БОВАРӢ БА МИЛЛАТ
Сешанбе, 23/06/2020-19:05 Ваҳдат-ягонагӣ, сарҷамъӣ, мутаҳҳидӣ. Ваҳдат-як будани мафкура ва рафтору гуфтор, амал. Ваҳдат, махсусан барои мо тоҷикон басо азизу муқаддас ва гаронарзиш мебошад. Мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида будем. Сокинони кишвари соҳибистиқлол ба гурўҳҳо тақсим шуда, ба якдигар душманӣ меварзиданд. Дар як оила бародар бо…
ХИЁНАТКОРОН БАХШИДА НАМЕШАВАНД
Сешанбе, 23/06/2020-18:59 Ҳарчанд дар давоми солҳои охир миллати сарбаланди тоҷик, аз хиёнатҳое, ки дар ҳаққи Ватану миллат, гурӯҳҳои хиёнаткор раво дидаанд огаҳӣ доранд, вале дар ин филм ҷузъиёти хиёнаткориҳои ҲНИ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки аз тарафи гурӯҳҳои манфиатхоҳу қудратталаб ба амал омада буд, бениҳоят саривақтию айни муддаост. Рўзҳои охир ҳамаи мову шумо шоҳиди он ҳастем,…
ҲАМЕША СУЛҲРО ХОҲЕМ
Сешанбе, 23/06/2020-18:57 Худованди бузург сулҳро беҳтарин арзиши башарият гуфта инсонҳоро ба барқарор намудани оштиву ҳамдигарфаҳмӣ дар байни гурӯҳҳои ба низою нофҳмӣ омада амр менамояд. Бешак ҳам вақте сулҳу ваҳдат пойдор бошад, ҷомеа рушд мекунад ё ба қавли Мирзо Турсунзода: Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт, Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт. Ҷанги таҳмили соли 1992-юм, ки хеле зиёнҳои нобахшидани овард, аз…
ХИЁНАТКОР БИГЗОР ҶАЗО БИНАД
Сешанбе, 23/06/2020-18:55 Бо тамошои филми мустанади «Хиёнат» ҳар бинандаи заки пай мебарад, ки ашхоси бевиҷдону палид, зархаридон ва гумроҳшудагон ҳамеша дар пайи амали сохтани ҳадафу мақсадҳои нопоки ѓайриинсонии хешанд ва барои ин афроди нокас муқадасоте чун Ватан – Модар, дин мазҳаб арзише надорад. Ин гуна шахсон, ки барояшон беҳтарин арзишҳои инсони қадре надорад ва бар ивази заре, ки аз тарафи…
СУЛҲУ ВАҲДАТ АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ
Душанбе, 22/06/2020-17:52 Дини мубини ислом пеш аз ҳама инсонҳоро таҳаммул, тараҳҳум, инсондӯстӣ, тавозӯъ ҳидоят намуда, аз ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторҳо маҳкум мекунад. Худованд дар каломи покаш мефармояд: “Ва ба ресмони Худовандӣ чанг бизанед ва пароканда нашавед” (Сураи Оли Имрон, ояти 103). Ваҳдату ҳамбастагӣ бузургтарин неъмат ва раванди иҷтимоии мусулмонон мебошад. Мусулмононбояд ҳама дар атрофи ресмони Худовандӣ ва паёмҳои Қуръонӣ …
ПАРТАВИ НЕКОН НАГИРАД ҲАР КИ БУНЁДАШ БАД АСТ
Душанбе, 22/06/2020-17:50 Имрӯзҳо бо тамошои филми “Хиёнат” сокинони ҷумҳурӣ ва тамоми башарият аз хиёнатҳои роҳбари собиқ ТЭТ ҲНИ ҳоло “Паймони миллии Тоҷикистон” Муҳиддин Кабирӣ огоҳӣ пайдо намуда, нисбати ин хоинони ватанфурӯш лаънат мефиристанд. Аз тамошои филм маълум мешавад, ки Кабирии малъун ва пастфитрат воқеан ҳам душмани Ватан будаасту ба хотири пулу сарват ва қонеъ сохтани нафсаш омодааст , зану фарзандашро…