Ваҳдати милли-эҳёи Точикистон

Чоршанбе, 24/06/2020-18:49

Ваҳдати миллӣ –Эҳёи Тоҷикистон! Шунидани ин калима барои ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандўст хело мафҳуми баланд дараду гуворро садо медиҳад. Дар ҳамаи давру замон ҳар як халку миллат хоҳони онанд, ки  дар давлати онҳо сулҳу Ваҳдат ва осоиштагӣ ҳукумрон бошанд.

Ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолӣ, соҳиби давлати худ будан имкон фароҳам меоварад, ки дар давоми 28 соли истиқлолияти вақеӣ давлати Тоҷикистон оромиву осоши ҷомеаро таъмин карда, шароиту имконоти воқеиро ба халқу миллати худ дастрас намояд. Садоқат ба Ватан-Модар яке аз хислатҳои асасии ҳар як шаҳрванди бо масъули миллати тоҷик медбошад. Ягонагии сулҳу Ваҳдат дар сарзамини Тоҷикистон, ба дарси ибрати баъзе аз кишварҳои ҷангзада мебошад.

Кишвари моро барои дар як муддати кутоҳ ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ тамоми ҷаҳониён шинохтанд ва аз минбарҳои болои ҷаҳони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронданду миллати тоҷикро бори дигар  муаррифӣ намуданд, ки миллати тоҷик аз азал соҳиби фарҳангу тамаддуни бою ѓанӣ ва маданияти баланди худшиносию меҳандўстиро доранд.

Нигорамо  Дурманова, волонтёри Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *