СУЛҲУ ВАҲДАТ АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

Душанбе, 22/06/2020-17:52

Дини мубини ислом пеш аз ҳама инсонҳоро таҳаммул, тараҳҳум, инсондӯстӣ, тавозӯъ ҳидоят намуда, аз ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторҳо маҳкум мекунад. Худованд дар каломи покаш мефармояд: “Ва ба ресмони Худовандӣ чанг бизанед ва пароканда нашавед” (Сураи Оли Имрон, ояти 103). Ваҳдату ҳамбастагӣ бузургтарин неъмат ва раванди иҷтимоии мусулмонон мебошад. Мусулмононбояд ҳама дар атрофи ресмони Худовандӣ ва паёмҳои Қуръонӣ  мутаҳҳид бошанд. Инсон вақте иззату сарфарозии дунё ва охиратро ба даст меорад, ки дар атрофи ҳадаҳои ягонаи ислом ва арзишҳои умумибашарӣ, ваҳдати фикрӣ, эътиқодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошта бошад. Бояд донист, ки Ислом ваҳдати миллатҳои мусулмонро ба асоси хоку нажод, забон ва ё тамоюлоти миллатгарои барқарор намесозад. Аз ин ҷост, ки бузургони фикру андеша ба монанди Имом Абуҳанифа, Имом Исмоили Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Ғазолӣ ва садҳо шахсиятҳои бузурги дигар худро ба қавму миллате ва ё хоку буме маҳдуд намедоштанд, балки онҳо фарзанди ислом ва тамоми миллатҳо ба шумор мерафтанд. Ҳамдилӣ ва ваҳдат неъматҳое мебошанд, ки онро на ба сарфи мол ва на ба неруи зурӣ ба даст оварда мешавад, балки танҳо бо хирад ва инояти Худованди мутааол ба даст меояд. Ин воқеиятро ҳам дар Қуръон ва таърих шоҳиди ин ҳол аст. “Агар тамоми он чиро, ки дар рӯйи замин аст, инфоқ намоӣ (дар роҳи эҷоди ваҳдати онҳо) дар байни дилҳояшон улфат (ва ҳамдилӣ) оварда наметавонӣ, валокин Худованд дар байни онҳо улфат андохт. Дар ҳақиқат Ӯст тавонову Ҳаким” (Сураи Анфол ояти 63).

Сулҳу ваҳдат дӯстиву бародари дар фармудаҳои Расули Акрам (с.а.с) хеле зиёданд. Масалан дар аҳдномае, ки дар Мадина байни мусулмонон ва ду тоифаи дигар баст. Дар қисмати ҳамин аҳднома чунин омада буд: “Сулҳи мусулмонон яктост. Яъне дарвозаи сулҳ ба рӯйи ҳамагон боз аст”.

Расули Акрам (с.а.с) дар давоми 23 соли рисолати хеш дар роҳи дӯстиву бародарӣ ва баробарии мардум корҳоеро анҷом доданд, ки дар таърихи башарӣ назир надоранд. Симои сулҳофарӣ ва даъват ба бародарию баробарӣ дар ҳама кору пайкори Расули Акрам (с.а.с) бо нидои қуръонӣ “Сулҳ беҳтар аст” танинандоз ба чашм мерасад. Таъкиди оятҳои қуръонӣ ва суханони Расули Акрам (с.а.с) гувоҳи он аст, ки ваҳдату сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ асоси пешрафт ва шукуфоии миллату давлат аст. Танҳо кишваре пешрафт мекунад, ки он ҷо сулҳу субот ҳукмфармо бошад. Мардумаш дар атрофи як Пешво мутаҳҳид бошанд, дар ин сурат онҳо ба қуллаҳои баланди зиндагӣ хоханд расид. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад ва кишвари азизамон ба сӯйи пешрафту шукуфои қадам мезанад. Ҳақиқати ваҳдат ин шукфоии Ватан аст, зеро давлате, ки сулҳу субот ҳукмфармост, иқтисодиёташ рӯз ба рӯз рушд мекунад ва аз ҷиҳати сиёсию фарҳангӣ пеш меравад.

Сулҳу ваҳдат яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна хавфу хатар эмин медорад.

Масъалаи асосии ваҳдат, сулҳу субот ин таъмини амнияти миллӣ, ватандорӣ, ҳастии миллат ба шумор меравад. Бояд Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди ҷомеа муқаддасу муътабар бошад. Зеро ҳамин ватан аст, ки дар зери сояи Ватан ва ватандорони асилҳамчун Президенти кишвари маҳбубамон муҳтарам Эммалӣ Раҳмон бо лутфу инояти Парвардигор кору зиндагӣ мекунем.

Қурбонназар Давлатов,

сархатиби ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *