Насими субҳи наврўзӣ

Панҷшанбе, 26/03/2020-21:00

Насими субҳи наврўзӣ чӣ субҳи дилфаро бошад,

Сафобахши ҳавои он ба ҳар дарде даво бошад.

Зи ҳар байте расад бар гўши мо савту садои хуш,

Парасту дар нигоҳҳо бартар аз мурғи ҳумо бошад.

Аз ин хуршеди оламтоб рухи зарди замин дар тоб,

Шавад ҳар пора як обу зулолу пур сафо бошад.

Ба ҳиммат мехарандонро, ба ҳиммат медиҳанд онро,

Ба назди ташнагони ишқ Зам-зам бебаҳо бошад.

Биборад он қадар борон зи файзу раҳмати Раҳмон,

Ки қорчи саркашида низ байни сабзаҳо бошад.

Садои раъду барқ охир ба гўшае мерасад форам,

Замин аз набзи оташбори гардунҳо ризо бошад.

Нарўяд аз замин сабза, ва ҳам бе об кай рўяд?

Нишони сабзиши одам аз файзи дуо бошад.

Хушо хоне, ки донӣ мерасад дасти ятим бар он,

Ҳамин аз шафқати одам, в-аз ҳукми Худо бошад.

Фурўзон шамъ бар хоне, ки сину шин фаровон аст,

Гузоред то ба ҳар маҷлис қироат аз шумо бошад.

Шаби эҷодии мо, эй азиз аз эҳтироми туст,

Камоли шеъри ноб аз он ҳадиси Мустафо бошад.

Шералӣ ТАБАРОВ, омўзгор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *