НАВРЎЗАТОН МУБОРАК

Панҷшанбе, 26/03/2020-20:58

Мардуми  шоду хандон, наврўзатон муборак,

Табрик аз дилу ҷон, наврўзатон муборак.

Фасли тароват омад, фасли малоҳат омад,

Пирону навҷавонон, наврўзатон муборак.

Шодӣ расид азизон, аз омади баҳорон,

Гулзор накҳатафшон, наврўзатон муборак.

Дашту даман саросар, андар либоси лола,

Сарсабз марғзорон, наврўзатон муборак.

Дар шоми ахтаристон, дар субҳи хандаборон,

Эй халқи Тоҷикистон, наврўзатон муборак.

Шабафрўз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *