ҒОЛИБИЯТИ ҲХДТ ДАР ИНТИХОБОТ БАДХОҲОНУ ИФРОТИЁНРО ҲИҶОЛАТЗАДАВУ ШАРМСОР ГАРДОНИД

Сешанбе, 03/03/2020-16:32

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягона ҳизбест, ки барои зиндагии шостаи мардум шабонарўзӣ фаъолияти босамар дорад. Роҳбарии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зима дорад, ки дар саросари мамлакатамон сулҳу суббот, тинҷию амонӣ ва пешравию ободониро фароҳам овардааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзоёни фаъоли он барои расидан ба ҳадафҳои неки худ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳамаҷониба кўшишу талош менамоянд, то ки Тоҷикистони биҳиштосоро дар тамоми дунё боз ҳам машҳуртар гардонанд. Фаъолияти ҲХДТ чун дигар ҳизбҳо мавсими набуда, балки ба таври пайваста бо мардум дар робитаи зич ва қавӣ қарор дорад. Дар ҳалли мушкилоти мардум расидагӣ намуда, масоили ҳалталаби ҷойдоштаро ба воситаи вакилони худ дар зинаҳои гуногуни мақомоти намояндагӣ матраҳ менамояд. Мардум ба ҲХДТ маҳбубияти хоса дошта, ба сафҳои он пайваста рўз то рўз сафи он афзоиш ёфтаистодааст.

Ҳамин аст, ки дар интихоботи навбатие, ки санаи 1-уми марти соли равон баргузор гардид, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои арзандаи он ба боварии мардум сазовор гашта,  ғолибиятро ба даст оварданд. Ин ғолибият боис мегардад, ки номзадҳои арзандае, ки аз тарафи мардум интихоб гардиданд, давоми як панҷсолаи дигар дар сатҳи гуногуни мақоми намояндагиву қонунгузорӣ мардумро намояндагӣ намоянд . Ғолибияти комили ҲХДТ дар интихоботи МН МО ҶТ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бадхоҳону ифротиёнро хиҷолатзадаву шармсор гардонид ва онҳо дар сомонаҳои иғвобарангези интернетии худ ба таври ҳасудона ғолибияти ҲХДТ ро таҳриф менамоянд . Онҳо ҳатто ба иродаи мардуми худ беҳурматӣ намуда, мардуми шарифи кишварро барои интихоби озодашон сарзаниш мекунанд. ҲХДТ дар минбаъда низ, ало  рағми туҳмату буҳтони ифротиён робитаро бо мардуми шарифи кишвар қавитар намуда, кушиш ба харҷ медиҳад, ки рисолатии олии ватансозии ба зиммадоштаашро содиқонаву ватанхоҳона ба иҷро расонида, сазовори ҳамешагии бовариву эътимоди мардум бошад. 

О.Маҳмадов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *