БА ШАФФОФИЯТИ ИНТИХОБОТ БОВАРӢ ДОРАМ

Сешанбе, 03/03/2020-16:28

Ё ҷавоб ба М. Кабарӣ: “Ба назари ман ин интихобот поёни гуногунандешӣ аст”

Интихоботе, ки рўзи 1 марти соли 2020 шуда гузашт, интихоботи шаффоф буд. Зеро сокинонони кишвар бо як руҳияи баланди идона ба участкаҳои интихоботи ҳозир шуда, ба номзадҳои арзандаи хеш овоз доданд.

Ҳамчун як сокини кишвар аз субҳи содиқ то анҷоми интихоботи МН МО-и кишвар шоҳиди он будам, ки чи тавр мардум бо хоҳиши худ ба участкаҳо меомаданд. Ҳама пиру ҷавон, занону духтарон омўзгорону зиёиён ширкати фаъолона дошта, баҳри ояндаи дурахшони имрўзу фардои кишвар- Тоҷикистони азиз райъ доданд.

Дар участкаҳои интихоботи суруду таронаҳои ватандўстӣ садо медоду пиру ҷавон дар зери ҳавои мусиқӣ мерақсиданд. Ҳунармандони маҳсули дастони хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ҳар як интихобкунанда шефтаи ҳунари дастии занҳои деҳот мешуд.

Аҳолӣ гурўҳ-гурўҳ ба райъдиҳӣ меомаданд. Ҳатто иштирокчиёнӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони гуруҳи якум ба участкаҳо ташриф меовард. Аз чеҳраи болидаи онҳо аён буд, ки бо номзади арзандае райъ медиҳанд, то дар рушду нумў, пешрафти кишвар саҳм мегузорад.

Радиои озодӣ,  дар арафи Интихоботи вакилон ба МН МО бо Муҳиддин Кабирӣ мусоҳибае орост ва мавсуф чунин иброз доштанд: “Назари мо ин аст, ки ин поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст ва оғози рафтани кишвар ба самти диктаторӣ ва якҳизбиву якнафарӣ.”

Ба андешаи ин яке аз дурўғҳои маҳзи Муҳиддин Кабирист. Зеро дар интихоботи баргузоршуда ҳамаи ҳизбҳо номзадҳои худро пешниҳод карда буданд. Ҳизби мамнуъшудаи ҲНИ, ки дар интихобот роҳ наёфт, аз дарду алами зиёд ба ҳарзагўи оғоз намудаву худ бо чор тараф мезанад. Бо ин суханҳои подарҳавою иғвоангез мехоҳанд, дар байни аҳолии осоиштаи тоҷик низоъ бархезонад. Мо-тоҷикон дигар ба ҳар ҳарзаву шаф-шафатон гўш намедиҳем. Ба фардои дурахшони кишварамон боварӣ дорем. Бар қасди ҳамаи он гуфтаҳо аз ҳаррўза дида бештар заҳмат мекашем, то шумо барин носипосони ватанфурўш сўхта- сўхта муранд. Чунки пешрафти тоҷикон- мотами шумост.

Ҷавоби беҳтар мақоли тоҷикон аст: Саг меҷакад, корвон мегузарад.

Гулшани Сипеҳр

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *