МАРДУМИ ШАРИФИ ВАХШ ДАР ОБОДОНИИ ДИЁР САҲМ МЕГИРАНД

Сешанбе, 03/03/2020-12:58

Рафти корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш вобаста ба иҷрои саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 майи соли 2018, №1059 дар ҳудуди ноҳияи Вахш як қатор корҳоро ба анҷом расонида истодааст.

Бояд қайд кард, ки сокинони ноҳияи Вахш бо азму иродаи қавӣ мақсад доранд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як сатҳи бошукўҳи давлатӣ таҷлил намоянд. Бо ин мақсад, аз ҷониби роҳбарият, масъулин ва фаъолони ноҳияи Вахш бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, инчунин сокинони ноҳия ва шахсони алоҳида як қатор корҳои судманд анҷом дода шудаанд.

Ба ифтихори таҷлили бошукўҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳусейн Ашўров сохтмони «Дарвоза»-и ноҳияи Вахш ба маблағи 1 млн. сомонӣ роҳандозӣ гардида, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҳамзамон, аз ҷониби ин соҳибкор чароғонкунии даромадгоҳи ноҳияи Вахш ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ пурра ба анҷом расонида шудааст, ки зебоии нотакроро дар худ таҷассум менамояд.

Инчунин, дар арафаи ин ҷашни миллӣ дар ноҳия бо мақсади таъмини бехатарии нақлиёт ва мардум 16 истгоҳи нақлиётӣ ба маблағи 403 ҳазор сомонӣ ва 7 чароғаки роҳнамо ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ насб ва пурра ба истифода дода шудаанд.

Дар ин замина, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш чароғонкунии кўчаҳои Ҷамоати шаҳраки «Вахш» ба номи И. Сомонӣ-138 адад ба маблағи 93 ҳазор сомонӣ, ба номи А. Холиқов-15 адад ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ, ба номи Ладыгина-30 адад ба маблағи 42 ҳазор сомонӣ, ба номи Б. Шовалиев- 20 адад ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ, ба номи Б. Ғафуров-30 адад ба маблағи 42 ҳазор сомонӣ, ба номи Х. Давлатов- 30 адад ба маблағи 42 ҳазор сомонӣ ва ба номи М. Шарипов – 10 адад ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Бо мақсади зебоии гирду атроф намуди зоҳирии Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш аз таъмири асосӣ бароварда шуда, пурра чароғон карда шудаанд.

Дар баробари ин, бо мақсади зебоии зоҳирии иморату иншоотҳо: аз ҷумла, биноҳои суд, прокуратура, «Телеком», «Амонатбонк», САҲШ, Комиссариати ҳарбӣ, Шабакаҳои барқ ва ҳамзамон биноҳои марказҳои тиҷоратии «Азамат», «Урунбой», «Абўбакр», «Лимпопо», «Сайбегим», «Кайҳон», «Ҳоҷӣ Назар», «Фақиров», «Авазовҳо», «Инобат», «Раҳим Салим», «Дорухона», «Оби тоза» ва «Мағозаҳо»-и ҳудуди ноҳия пурра чароғон карда шудаанд.

Ҳамзамон, ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бинои прокуратураи ноҳия ба маблағи 1 млн. сомонӣ азнавсозӣ, сохтмони Маркази хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Ризоев ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ, сохтмони Беморхонаи клиникӣ дар Ҷамоати деҳоти «20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ба маблағи 4.5 млн. сомонӣ пурра ба анҷом расонида шуда, азнавсозии Маркази савдои «Баҳор» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳибулло Ҳабибов ба маблаҒи 1,5 млн. сомонӣ ва сохтмони бинои ҲХДТ дар ноҳия ба тариқи ҳашар ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, сохтмони Парчам ва Нишони давлатӣ ба маблағи 1 млн. сомонӣ ва Маҷмааи фарҳангии «Офтобак» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳусейн Ашўров ба маблаҒи 2 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

Бо мақсади таҷлили бошукўҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 342 иншоот ба нақша гирифта, то имрўз 174 адади он пурра сохта ба истифода дода шудаанд.

Дар баробари сохта ба истифода додани биною иморатҳо дар ҳудуди ноҳия, масъулин ва фаъолони ноҳияи Вахш ба сабзу хуррамгардонии гирду атрофи биноҳо, инчунин кўчаю маҳаллаҳо диққати зарурӣ равона карда истодаанд. Дар ин давра, бо мақсади таҷлили озмуни «Сайри гули лола» дар ноҳия 10 500 бех гули лола дар Ҷамоати шаҳраки «Вахш» 15 000 ҳазор гули садбарг шинонида шудааст. Дар баробари ин, дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки «Вахш» шинонидани дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ бо маром идома дошта, сояафкан 13 200, ҳамешасабз 1990 ададро ташкил медиҳанд.

  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо роҳбарият, масъулин ва фаъолони ноҳия тамоми кўшишу ғайратро баҳри ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ равона намуда, ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланди оммавӣ, сиёсӣ ва давлатӣ таҷлил менамоянд.  

«Нури маърифат»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *