ИНТИХОБОТ- ШАФФОФ ГУЗАШТ

Сешанбе, 03/03/2020-12:55

Чун Тоҷикистон давлати соҳибихтиёру демократӣ ба ҳисоб меравад ва мардуми он ин соҳибистиқлолиро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки нохалафе чашми бад ба сўи ин давлату ин миллат ало кунад. Мо ин ободиву озодиро тавре истифода мебарем, ки ба наслҳои ояндаи як давлати ободу озоду соҳибистиқлол боқӣ гузорем.

Дар ноҳияи Вахш маъракаи сиёсӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар 40 ҳавза ва 63 участкае, ки ба ин маърака омодагӣ дида буданд, иштирокчиёнро дар сатҳи баланд, қабул намуданд. Раисони участкаҳо ва аъзоён ба шахсони бемор ва маъюб, бо қутии сайёр рафта дар манзили истиқоматиашон овозашонро гирифтанд. Мардуми сарбаланду шарафманди ноҳияи Вахш барои ояндаи неки давлату миллат, ояндаи неки худ ва фарзандони худ, ҳама якояк омада, овоз доданду ҳизби арзандаи худ ва номзадҳои арзандаи худро интихоб намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *