ДАЛЕР ШАРИФОВ БА ПУШТИБОНИ АРЗАНДА НЕСТ

Якшанбе, 09/02/2020-11:55

Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ шуру валвала бардоштани як қисм аз корбарони интернетиро дар мавриди боздошти рӯзноманигори ифротӣ Далер Шарифов ва пуштибонӣ аз ўро мушоҳида намуда, дар ҳайрат мондаем. Гап дар бораи он меравад, ки  Додситонии кулли Тоҷикистон хабарнигор Далер Шарифовро ба нашри 200 матлабе, ки дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ аст, гумонбар шуморида бо қарори суд барои тафтишоти пешакӣ боздошт намудааст. Таваҷҷӯҳи аксари корбарони нуктасанҷи шабакаҳои интернетиро навиштаҳои ғаразноку ифротиомезӣ Далер Шарифов ба худ ҷалб намуда буд. Худ қазоват намоед, ки рӯзноманигоре 200 матлаби  дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро ба нашр  расонида ва мабодое дар ҳар матлабаш як нафарӣ ҷонибдор пайдо карда бошаду 200 нафари дигарро ба ифротигароӣ ҷалб карда бошад, чигуна метавонад мавриди санҷишу тафтиши мақомотҳои тафтишоти қарор нагирад? Сабабгори пуштибонии баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Далер Шарифов ҳам шояд, таъсиру асари навиштаҳояш бошад. Ба андешаи мо мебоист мақомотҳои ҳифзи қонуну тартибот хеле барвақттар аъмоли Далер Шарифовро мавриди санҷишу тафтишот қарор медоданд. Зеро таҳкими суботу оромӣ ва ҳифзи осоиштагии Ватани маҳбубамон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як ниҳоди масъул ва шахсонӣ ватандӯст маҳсуб меёбад. Аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал меорам, ки аз пуштибонии соддалавҳона ва баъзан муғризона аз ашхоси ифротӣ худдорӣ намоянд.

 О.Маҳмадов,

сокини ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *