ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ-НИШОНАИ ЗИРАКИИ СИЁСӢ

Ҷумъа, 07/02/2020-18:20

Бо мақсади таблиғу ташвиқи Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар деҳаҳои  «Зафаробод» ва «Чорбоғ»-и Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.

Дар оғози сӯҳбат оид ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда, иброз доштанд, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд.

    Инчунин, барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ ташвиқ карда шуда, қайд гардид, ки барномаи пешазинтихоботӣ аз ҳадафҳои асосии Барномаи ҳизбӣ сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *